Муҳокимаи лоиҳаи барқарорсозии низоми обтаъминкунӣ
Душанбе,17.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 15 апрел дар Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» лоиҳаи барқарорсозии низоми обтаъминкунии Минтақаи озоди иқтисодии «Суғд» ва маҳалҳои назди он мавриди муҳокима қарор гирифт.
Дар ин маросим мушовири Бонки рушди Осиё Фаррух Султонов, мушовири масоили густариши ҳамкории давлатию инфиродӣ, намояндагони Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Хизматрасон — 2013», ки ба обтаъминкунӣ машғул аст, ширкат доштанд.
Зикр шуд, ки бо саъйу кушиши давлат ва тоҷирон дар тадбиқи лоиҳаҳои калони миллӣ метавон муваффақ шуд. Барои ин бояд ба манзури рушди ҷомеа ҳамкории мутақобилан муфидро роҳандозӣ кард.
Дар ҷараёни мулоқот ба мушовирон дар бораи вазъи ҳозираи низоми обтаъминкунӣ дар ҳудуди Минтақаи озоди иқтисодӣ муфассал хабар дода шуд.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд






