Муҳокимаи масоили истеҳсоли маҳсулоти мудофиавӣ
Душанбе,10.04.2015 (АМИТ «Ховар» Кристина Эрлих). 9 апрел вазири саноат ва технологияҳои нави ҶТ Шавкат Бобозода ва раиси Шӯрои кории назди комиссияи байнидавлатии СААД Александр Ноздрачев масоили роҳандозии истеҳсоли маҳсулоти мудофиавӣ дар корхонаҳои саноатии Тоҷикистонро мавриди муҳокима қарор доданд.
Назар ба иттилои Вазорати саноат ва технологияҳои нави ҶТ, ҷонибҳо имконияти ҳамкорӣ дар амри истеҳсоли маҳсулоти мудофиавиро баррасӣ намуда, аз ҷумла, дар бораи ташкили корхонаҳои муштараки истеҳсолкунандаи нимтанаҳои пахтагин дар Корхонаи воҳиди давлатии «Нури Ховар» сухан карда шуд.
Ғайр аз ин, масъалаи истехсоли матои либосворӣ барои муассисаҳои мудофиавӣ дар Ҷамъияти масъулияташ махдуди «Хуҷанд Инвест Коттон» ва роҳандозии ҳамкории муштараки байни Ширкати пояфзолдӯзии «Фариде» — Русия ва Ҷамъияти масъулияташ маҳдуди «Пойафзоли чармӣ» -и Тоҷикистон мавриди муҳокима қарор гирифт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






