Муҳокимаи мубориза бар зидди ҳаракатҳои ифротгароӣ

Апрель 2, 2015 15:02

Душанбе, 02.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода)- Имрӯз дар Академияи Вазорати корҳои дохилӣ дар мавзӯи «Пешгирии шомилшавии ҷавонону наврасон ба ҳизбу ҳаракатҳои ифротгаро, мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккил, ифротгароӣ ва муқовимат ба савдои одамон» машварати илмӣ-амалӣ баргузор гардид. 
Дар машварат роҳбарият, ҳайати шахсии Академия, намояндагони Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳии назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон, Донишгоҳи исломии Тоҷикистон ва Раёсати мубориза бар зидди ҷиноятҳои муташаккили ВКД иштирок доштанд.
Тибқи иттилои ВКД ҶТ муовини аввали сардори Академияи ВКД номзади илмҳои ҳуқуқ Абдусаттор Шоев дар машварати илмӣ-амалӣ  вобаста ба мавзӯи матраҳшуда сухан гуфт.
Сипас аз ҷониби дигар иштирокчиён вобаста ба ҳар гуна ҷиноятҳо маърӯзаҳо пешкаш шуданд.
 
 

Апрель 2, 2015 15:02

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад