Муборизаи ВКД ҶТ бар зидди ҳаракатҳои ғайриқонунӣ
Душанбе,15.04.2015. (АМИТ «Ховар», Муқаддас Темурзода).-Дирӯз вазири корҳои дохилӣ Раҳимзода Рамазон Ҳамро бо иштироки сардорони раёсатҳо, шуъбаҳо ва ҷузъу томҳои мақомоти корҳои дохилӣ аз тамоми манотиқи ҷумҳурӣ ҷаласаи фаврӣ-хизматӣ оид ба ҷамъбасти фаъолияти хизматии мақомоти корҳои дохилӣ дар семоҳаи аввали соли 2015 баргузор намуд.
ВКД ҶТ хабар медиҳад, ки зимни ҷаласа вазир зикр намуд, ки дар се моҳи соли ҷорӣ дар самти корҳои ободонию созандагӣ ва беҳтар намудани шароити хизматии кормандони милитсия пешравиҳои назаррас дида мешаванд. Аз ҷумла, дар ин давра қисмҳои низомии 3501-и Раёсати қӯшунҳои дохилӣ дар вилояти Суғд ва 3503 дар шаҳри Қурғонтеппа, биноҳои воҳиди махсус ва ШБДА дар шаҳри Душанбе кушода шуданд. Инчунин дар як зумра ноҳияҳои ҷумҳурӣ биноҳои маъмурию хизматӣ бо шароити ҳозиразамон мавриди истифода қарор гирифтанд.
Дар ҷаласа масъалаҳо оид ба фаъолияти мақомот дар самти ҳифзи тартиботи ҷамъиятӣ, бехатарии шаҳрвандон, пешгирӣ намудани содиршавии ҳама гуна ҷиноятҳо, хусусан ҷиноятҳои дорои раванди террористиву экстремистӣ, пешгирии шомилшавии шаҳрвандон, алалхусус ҷавонон ба ҳаракату созмонҳои ғайриқонунӣ, гузаронидани корҳои пешгирикунанда дар байни ноболиғону ҷавонон мавриди баррасӣ қарор доштанд.
Вазири корҳои дохилӣ барои пешгирии шомилшавии ноболиғону ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои ғайриқонунӣ, беҳтар намудани натиҷаҳои фаъолияти хизматӣ дар самтҳои мубориза бар зидди ҷиноятҳои дорои раванди террористиву экстремистӣ ва дигар кирдорҳои ҷинояткорона ба ҳайати шахсии мақомоти корҳои дохилӣ дастуру супоришҳои мушаххас дод.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд






