Мулоқоти А.Қодирӣ бо И. Фролов ва боздиди сафир аз “Согдийская правда”
Хуҷанд, 23.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Дирӯз раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Игор Лякин — Флоровро ба ҳузур пазируфт. Зимни суҳбат ҷонибҳо аз ҳамкориҳои мутақобилаи кишварҳо изҳори қаноатмандӣ намуда, густариши равобити тиҷоратиро ба манфитаи кор арзёбӣ намуданд. А.Қодирӣ аз ҷумла таъкид намуд, ки Тоҷикистон бо Федератсияи Русия муносибати дӯстона ва самимӣ дошта, Русияро шарики стратегии худ мешуморад. Дар ин раванд вилояти Суғд бо як зумраминтақаҳои Федератсияи Русия равобити густурдаро дар бахшҳои гуногун ба роҳ мондааст.
Игор Лякин — Флоров изҳор намуд, ки вилояти Суғд баҳри расидан ба ҳадафҳои бузурги иқтисодиву иҷтимоӣ қадамҳои устувор мегузорад. Бо қаноатмандӣ таъкид гардид, ки дар вилояти Суғд рушди босуботи иқтисодӣ таъмин гашта, вилоят мунтазам пеш меравад ва мутобиқ ба талаботи замони муосир ривоҷу равнақи ҳамаи самтҳои хоҷагии халқ дар сатҳи зарурӣ ба роҳ монда шудааст. Игор Лякин — Флоров ҳавасмандии соҳибкорон ва ташкилоту муассисаҳои бузурги Русияро дар содироту воридоти молу маҳсулот, аз ҷумла меваю сабзавот, сохтмони иншооти гуногун баён намуд.
Раиси вилояти Суғд зикр дошт, ки барои зиёд кардани содироти меваю сабзавот аз Суғд ба минтақаҳои Русия бояд аз қувваи соҳибкорони вилоят васеъ истифода бурд, зеро онҳо дар ин самт солҳои тӯлонӣ фаъолият дошта, талаботи ду кишварро ба хубӣ медонанд ва онро риоя менамоянд. Ин пешниҳоди Абдураҳмон Қодирӣ аз ҷониби дипломати рус бо қаноатмандӣ қабул шуд. Сипас, сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов аз бинои Кохи матбуоти маркази вилоят дидан намуда, бо фаъолияти рӯзномаи русии вилоятии “Согдийская правда” шинос шуд. Зимни боздид аз редаксияи мазкур, Игор Лякин-Фролов бо фаъолияти ҳайати эҷодӣ ва кормандони он аз наздик ошно шуда, бо онҳо суҳбати самимӣ кард. Аз ҷумла ӯ зикр намуд, ки рӯзномаи “Согдийская правда” дар тӯли 80 соли фаъолияти пурсамари худ дар тарғибу ташвиқи забони русӣ дар миқёси вилоят ва дар ин замина баҳри равнақи дӯстиву ҳамкории байни вилоятҳои ду давлат саҳми назаррас дорад ва дар ин ҷода ба кормандони рӯзнома баҳри фаъолияти минбаъдаи онҳо барор орзу намуд. Баъдан сафири фавқулода ва мухтори Федератсияи Русия дар Тоҷикистон Игор Лякин-Фролов дар ҷаласаи навбатии медиа-клуби «Суғдиён», ки дар бинои Кохи матбуот сурат гирифт, иштирок намуда, доир ба ҳамкориҳои судманд миёни Тоҷикистону Русия изҳори андеша намуд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






