Мулоқоти Э. Раҳмон бо котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Чин
Душанбе, 20.04.2015 (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон котиби Кумитаи ҳизбӣ-роҳбари Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин Чжан Чунсянро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқот масоили ҳамкории Тоҷикистон бо ин минтақаи фарохи Чин, ки дар ҳамсоягии кишвари мо қарор дорад, баррасӣ шуд.
Чжан Чунсян аз боздиди худ аз корхонаю муассисаҳои муштараки ду кишвар дар ҷануб ва шимоли Тоҷикистон гузориш дода, аз суръат ва сифати кори пурсамари онҳо изҳори хушҳолӣ кард.
Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон аз сатҳ ва муҳтавои муносиботи кунунии Тоҷикистону Чин изҳори қаноат карда, ҳамзамон изҳор дошт:”Мо азм дорем, ки ба муносиботи дӯстӣ ва ҳамкории судбахши худ бо Чин суръати бештар бахшида, онро ба сатҳи сифатан боло барорем”.
Барои ин бо сифати баланд таҳия намудани Барномаи нави ҳамкории Тоҷикистон бо Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғури Ҷумҳурии Мардумии Чин зарур шумурда шуд, зеро муҳлати барномаи амалкунанда имсол ба анҷом мерасад.
Бо қаноатмандӣ зикр гардид, ки саҳми Ноҳияи Мухтори Синзян-Уйғур дар ҳаҷми гардиши моли миёни Тоҷикистону Чин 78%-ро ташкил медиҳад.
Ба нақши гузаргоҳи сарҳадии Кулма-Қаросу ҳам баҳои баланд дода шуд, зеро ҳаҷми боркашонӣ аз ин роҳ тайи 10 соли охир 35 баробар афзуда, ба ҳаҷми боркашониҳои хориҷии роҳи оҳани Тоҷикистон баробар шудааст.
Дар робита ба ин тамоюл зарурати навсозии роҳи мошингарди Хоруғ-Кулма ба миён гузошта шуд.
Гуфтугӯйи судбахш ҳамчунин доир ба густариши ҳамкорӣ дар соҳаҳои саноат, энергетика, кишоварзӣ, маориф ва илму фарҳанг сурат гирифт.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






