Мулоқоти Э. Раҳмон бо вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои СААД
Душанбе, 02.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон вазирони корҳои хориҷии давлатҳои аъзои Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро, ки барои иштирок дар ҳамоиши навбатӣ ба шаҳри Душанбе ташриф овардаанд, ба ҳузур пазируфт.
Дар вохӯрӣ масоили вобаста ба иҷрои қарорҳои ҳамоишҳои қаблии сатҳи олӣ, ба мувофиқа расондани қарорҳои нав, ки дар ҳамоишҳои ояндаи сарони давлатҳо бояд қабул шаванд ва афзалиятҳои раёсати Тоҷикистон дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ (СААД) баррасӣ шуд.
Бино ба таъкиди Сарвари давлати Тоҷикистон Эмомалӣ Раҳмон, “кишварҳои аъзои СААД дар муборизаи муштарак бо хатарҳои ҷаҳони муосир чун терроризму ифротгароӣ, ҷиноятҳои созмонёфтаи фаромиллӣ, аз ҷумла ҷиноятҳои иттилоотию кибернетикӣ, бояд мавқеи мушаххасу ҳамоҳангшуда ва механизмҳои зуд фаъолшаванда дошта бошанд”.
Таваҷҷуҳи зиёд ба масоили вобаста ба пурзӯр намудани ҳифзи сарҳади давлатии Тоҷикистон бо Афғонистон, аз ҷумла иҷрои қарори сарони давлатҳои аъзои СААД доир ба ин масъала, ки моҳи сентябри соли 2013 қабул шуда буд ва ҳамчунин мубориза бо таблиғгарони ғояҳои ба ном Давлати исломии Ироқу Шом ва пешгирӣ аз гумроҳшавии ҷавонону наврасони ноогоҳ зоҳир гардид.
Изҳори бовар карда шуд, ки тадбирҳои муштараки давлатҳои аъзои СААД дар роҳи муборизаи муштарак бо таҳдидҳои афзояндаи ин хатарҳо ва нигоҳ доштани фазои эътидолу субот дар минтақа муассиру судбахш хоҳад буд.
Хотиррасон бояд намуд, имсол раёсат дар Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъиро Тоҷикистон бар душ дорад ва ҳамоишҳои ҳамаи сатҳу зинаҳои он таҳти раисии мақомоти кишвари мо ҷараён мегиранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






