Мулоқоти Сафири Тоҷикистон бо Роҳбарияти Фонди Саудӣ оид ба рушд
Душанбе, 7.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 5 апрели соли 2015 дар шаҳри Риёз мулоқоти Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Мамлакати Арабистони Саудӣ Азамшо Шарифӣ бо Муовини аввали Раис, Мудири Шӯрои идораи Фонди Саудӣ оид ба рушд Юсуф ибни Иброҳим ал-Бассом доир гардид.
Дар рафти ин мулоқот Сафири Ҷумҳурии Тоҷикистон, бо назардошти аҳамияти глобалии мавзўи об, Юсуф ибни Иброҳим ал-Бассомро бо аҳдоф ва муҳтавои Конфронси байналмилалии сатҳи баланд роҷеъ ба натиҷаҳои татбиқи даҳсолаи байналмилалии амал «Об барои ҳаёт» 2005-2015 ошно намуда, ба ў маводҳои муаррифиро пешниҳод намуд.
Дар мулоқот инчунин масъалаи рафти татбиқи дигар лоиҳаҳои рушд, ки дар Тоҷикистон аз ҷониби Фонд маблағгузорӣ мешаванд, баррасӣ гардиданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






