Мулоқоти вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арманистон
Душанбе, 3.04.2015 (НИАТ «Ховар»).- 2 апрели соли 2015 дар шаҳри Душанбе дар ҳошияи ҷаласаи Шӯрои вазирони корҳои хориҷии Созмони Аҳдномаи амнияти дастаҷамъӣ мулоқоти Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷиддин Аслов бо Вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Арманистон Эдвард Налбандян баргузор гардид.
Зимни вохӯрӣ ҷонибҳо роҷеъ ба доираи васеи масъалаҳои густариши минбаъдаи муносибатҳои дуҷониба, алалхусус роҳандозии ҳамкории мутақобилан судманд дар соҳаҳои иқтисодиёт, тиҷорат, кишоварзӣ ва нақлиёт мубодилаи афкор намуданд.
Вазирони корҳои хориҷии Тоҷикистон ва Арманистон инчунин масъалаҳои минтақавию байналмилалиро мавриди муҳокима қарор доданд.
Мулоқот дар фазои ҳамдигарфаҳмӣ ва ҳусни тафоҳум барпо гардид.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






