Муносибати низоми экологӣ ба мувофиқ шудан ба тағйири иқлими Осиёи Марказӣ
Душанбе,13.04.2015 (АМИТ «Ховар» Назир Назиров).- Чанд рӯз пеш дар шаҳри Душанбе бо иштироки намояндагони Тоҷикистон, Қазоқистон, Қирғизистон ва Туркманистон Конфронси байналмилалӣ дар мавзӯи «Муносибати низоми экологӣ ба мувофиқ шудан ба тағйири иқлими Осиёи Марказӣ» баргузор гардид. Ин чорабинӣ бо дастгирии Намояндагии GIZ дар Тоҷикистон, Вазорати федералии муҳити зист ва ҳифзи табиат, сохтмон ва бехатарии реакторҳои ҳастаии Олмон ва Кумитаи ҳифзи муҳити зисти назди Ҳукумати ҶТ роҳандозӣ шуд. Иштирокдорони конфронс сатҳи баланди осебпазирии кишварҳои Осиёи Марказӣ ба таъсири тағйири иқлим дар ояндаи наздиктарин ва дар давраи дарозмуддатро эътироф карда, ҳамчунин ба ҷонибдории зарурати ҳатмии дидани чораҳои зарурӣ дар ин бахш исҳори ақида намуданд. Зикр шуд, ки тағйири иқлим хусусан ба чунин захираю бахшҳои асосӣ, аз қабили об, замин ва кишоварзӣ ба куллӣ дахл мекунад. Дар конфронс ҳамчунин муносибатҳои мухталифи низоми экологӣ ба бахши мувофиқ шудан ба тағйири иқлими кишварҳои Осиёи Марказӣ мариди баррасӣ қарор гирнифтанд.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи кӯҳии Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар баъзе ноҳияҳои Тоҷикистон бориши борон ва барф дар назар аст
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 18 дараҷа гарм мешавад
Дар Маркази минтақавии бехатарӣ, амният ва кафолати химиявӣ, биологӣ, радиатсионӣ ва ядроӣ машғулияти омӯзишӣ доир шуд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 15 дараҷа гарм мешавад
Мағозаи интернетии shop.megafon.tj: муносибтар, зудтар, муфидтар
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ шуда, туман мефарояд
Бахшида ба Рӯзи матбуоти тоҷик дар Маркази тадқиқоти стратегӣ ҳамоиш баргузор гардид
Мавқеи воситаҳои ахбори омма дар таҳкими худшиносии миллӣ назаррас аст
Дар шаҳри Хоруғ мусобиқаи «Ватанпарвар» баргузор гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ мешавад






