Муроҷиатномаи ФИКМТ ба муносибати Рўзи Умумиҷаҳонии муҳофизати меҳнат
МУРОҶИАТНОМАИ
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба
ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ҷумҳурӣ оид ба муносибати
28-апрел – Рўзи Умумиҷаҳонии муҳофизати меҳнат
Бо қарори Ташкилоти Байналмилалии Меҳнат 28 апрел — Рўзи Умумиҷаҳонии муҳофизати меҳнат эълон карда шудааст.
Иттифоқҳои касабае, ки таҷрибаи бисёрсола оид ба ҳифзи ҳуқуқи меҳнаткашон ба меҳнати бехатар ва солим доранд, наметавонанд ва набояд ба бепарвоӣ ва бемасъулиятии корфармоён ва соҳибкорон нисбати проблемаҳои иҷтимоию иқтисодие, ки манфиати кормандон ва аъзои оилаи онҳоро муҳофизат менамояд, созгор бошад.
Дар Тоҷикистон бо иштироки иттифоқҳои касаба заминаи қонунгузории муҳофизати меҳнат такмил меёбад ва бо муносибатҳои нави иқтисодӣ ба таносуб оварда мешавад, ки он аз Конститутсияи Ҷумҳурии Тоҷикистон ва санадҳои меъёрии ҳуқуқии байналмилалӣ сарчашма мегирад.
Бо пуштибонӣ аз ғояҳои мазкур ва ҳифзи ҳуқуқи шаҳрвандон барои меҳнати солиму бехатар дар шароити гузариш ба муносибатҳои нави иқтисодӣ яке аз вазифаҳои муҳими иттифоқҳои касаба арзёбӣ мегардад.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ба ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи ибтидоӣ, ноҳиявӣ, вилоятӣ ва ҷумҳуриявӣ муроҷиат менамояд, ки якҷоя бо мақомоти ҳокимияти давлатӣ дар маъракаи сафарбарнамоӣ оиди бехатар намудани шароити меҳнат дар истеҳсолот, такмилу ташкили он, таъмини талаботҳои бехатарӣ дар ҳар як ҷои корӣ кўшишу ғайрати худро равона намоянд.
Соли 2014 дар чумҳурӣ 64 ҳодисаҳои нохуши истеҳсолӣ рух дода буд, ки дар натиҷа 38 нафар ба ҳалокат расидаанд. Шумораи кормандоне, ки дар шароити номусоид машғули кор мебошанд, дар соли сипаригашта 2018 нафарро ташкил дод, ки аз солҳои пешина қариб ду маротиба коҳиш ёфтааст.
Дар рафти гузаронидани маъракаи мазкур вазифаҳои зеринро ҳаллу фасл кардан зарур аст:
— ҷалб намудани қишрҳои васеи ҷомеа ба проблемаҳои муҳофизати меҳнат, латхўрии истеҳсолӣ ва касалиҳои касбӣ дар шароити ислоҳоти иқтисодӣ;
— таъмини кормандон бо воситаҳои муҳофизати инфиродӣ ва коллективӣ, ба вуҷуд овардани шароити зарурии бехатарии меҳнатӣ-маишӣ ва санитарию беҳдоштӣ;
— пурзўр намудани корҳои пешгирӣ-профилактикӣ бевосита дар истеҳсолот, бо мақсади ба тартиб даровардани ҳар як ҷои кор оид ба масъалаҳои муҳофизати меҳнат ва тарбияи кормандон, баланд бардоштани масъулияти маъмурияти ташкилоту корхонаҳо, соҳибкорон ва ташкилотҳои иттифоқҳои касабаи онҳо.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон ташкилотҳои иттифоқи касабаро барои оғози амали мушаххас оиди дар коллективҳои меҳнатӣ, мақомоти ҳокимияти давлатӣ, маъмурияти корхонаҳо ташкил намудани муҳокимаи васеъи масъалаҳои муҳофизати меҳнат, ташкили маъракаи ташвиқотӣ дар воситаҳои ахбори умум, гузаронидани санҷишҳо ва намоишҳо дар корхонаҳо таҳти шиори «Рўзи бехатарии меҳнат» даъват менамояд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон бовар дорад, ки амали пешниҳодгардидаи иттифоқҳои касаба барои баланд бардоштани самаранокии муҳофизати меҳнат дар истеҳсолот хизмат менамояд ва итминони комил дорад, ки ташкилотҳои иттифоқҳои касаба ҳамчун қувваи ягонаи ҳифзи ҳуқуқҳои меҳнаткашон барои меҳнати солим ва бехатарии шаҳрвандон мусоидат менамояд.
Федератсияи иттифоқҳои касабаи
мустақили Тоҷикистон








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






