Мутрибони Осиёи Марказӣ дар барномаи таҳсилотӣ иштирок менамоянд
Душанбе,22.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- Академияи мусиқии муосири Осиёи Марказӣ мутрибони Қазоқистон, Қирғизистон, Тоҷикистон ва Узбекистонро даъват менамояд, ки дар барномаи нодири таҳсилотӣ иштирок кунанд. Мақсад аз ин чорабинӣ, ки моҳи июл дар пойтахти Қирғизистон шаҳри Бишкек баргузор мешавад, рушди мусиқии муосир дар Осиёи Марказӣ аст.
Барои иштирок дар ин барнома 20 нафар мутрибони ҷавон интихоб карда мешаванд.
Барномаи мазкур, ки бо ибтикори коршиносони номии ҷаҳони мусиқии Осиёи Марказӣ, ИМА ва Ҳиндустон рӯи кор оварда мешавад, як қатор чорабиниҳоро аз қабили сафари ҳунарии мутрибони ҷавон ба шаҳрҳои Осиёи Марказӣ моҳи ноябри соли 2015 ва намоиши барномаҳои консертии мутрибони Осиёи Марказӣ дар Иёлоти Мутахидаи Амрикоро дар бар мегирад.
Барномаи мазкур бо дастгирии маркази умури Осиёи Ҷанубӣ ва Марказии Раёсати давлатии ИМА зимни ҳамкорӣ бо созмонҳои фарҳангии Осиёи Марказӣ роҳандозӣ мешавад.








Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






