Намоишгоҳи «Дар он ҷанг ҳамдиёрони мо ҳам саҳм доранд»
Душанбе,20.04.2015 (АМИТ «Ховар» Лайло Тоирӣ).- Имрӯз дар Осорхони таъриху кишваршиносии Костовои вилояти Нижний Новгороди Русия маросими ифтитоҳи намоишгоҳи «Дар он ҷанг ҳамдиёрони мо ҳам саҳм доранд» баргузор мегардад. Ин чорабинӣ бо дастгирии раёсати фарҳанги маъмурияти ноҳияи Костово роҳандозӣ мешавад, ки дар он собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ, донишҷӯён, намояндагони иттиҳодияҳои асосии миллию фарҳангии минтақа, мақомоти маҳалии ҳокимият ва аҳли ҷамъият иштирок менамоянд.
Дар ҷамъоварии нигораҳои намоишгоҳ Созмони ҷамъиятии минтақавии «Конгресси халқҳои эронзабон» якҷоя бо ҷамоаи милии тоҷикони ноҳияи Костово, шӯъбаи минтақавии Конгресси Озарбойҷон, Маркази миллию фарҳангии халқхои Доғистон воқеъ дар вилояти Нижний Новгород иштирок намуданд.
Тавре, ки раиси Созмони ҷамъиятии минтақавии «Конгресси халқхои эронзабон»- и Нижний Новгород Эраҷ Боев хабар дод, дар ҳошияи таҷлили 70- солагии Ғалаба аз 21 то 24 апрели соли 2015 дар осорхона барои хонандагони макотиби таҳсилоти умумии Костово бо иштироки собиқадорони Ҷанги Бузурги Ватанӣ силсилаи маърӯзаҳо ироа мешаванд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






