Намоишгоҳи минётурҳои Олим ва Бону Камоловҳо

Апрель 14, 2015 15:30

Душанбе, 14.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Марҳабои Азамат ).- Дар ин рӯзҳо сокинони шаҳри Душанбе ва меҳмонони пойтахт аз намоишгоҳи асарҳои рассомони санъати минётурии тоҷик Олим ва Бону Камоловҳо боздид менамоянд.
Ёдовар мешавем, ки намоишгоҳ шоми 10 апрел ифтитоҳ гардида, фаъолияташро то 30 апрел дар меҳмонхонаи “Серена”- и шаҳри Душанбе давом медиҳад.
Шоми рӯзи ҷумъаи гузашта вазири фарҳанги Ҷумҳурии Тоҷикистон Ш. Орзумбекзода навори рамзии сурхро дар вазъияти ботантана қайчӣ кард.
Дар маросими ифтитоҳи намоишгоҳ ходимони ҷамъиятӣ, намояндагони фарҳанг ва илми Тоҷикистон, дипломатҳо, намояндагони созмонҳои байналмилалӣ ва журналистон ширкат доштанд.
Тавре ки ҳамоҳангсози намоишгоҳ рассом Сарвиноз Ҳоҷиева ба АМИТ “Ховар” хабар дод, дар инҷо беш аз 70 асари Олим Камолов ва духтараш Бону ба маърази намоиш гузошта шудааст.
“Яке аз мақсадҳои асосии намоишгоҳ муаррифӣ намудани асарҳои рассомони санъати минётурии тоҷик на фақат ба ҳаводорони санъати кишвар, балки ба меҳмонони хориҷиест, ки минётураро қадр мекунанд. Биноан, мо ин дафъа ҳам тасмим гирифтем, ки намоишгоҳро дар меҳмонхонаи “Серена” доир намоем”, гуфт Сарвиноз Ҳоҷиева.

Апрель 14, 2015 15:30

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад