Намоиши китоб ҷиҳати гиромидошти хотираи устод Айнӣ
Душанбе, 28.04.2015.(АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Тавре ки Китобхонаи миллии Тоҷикистон хабар додааст, 23 апрели соли равон дар китобхона бахшида ба «Рўзи гиромидошти хотираи Садриддин Айнӣ, асосгузори адабиёти муосири тоҷик» бо ибтикори шуъбаи тарғиб ва баргузории чорабиниҳои фарҳангӣ намоиши китобҳои устод ташкил шуд.
Бинандагон дар радифи китобҳои солҳои қабл чопшуда кутуби тозанашри устоди зиндаёд- «Марги судхўр», «Мактаби кўҳна», «Гули Сурх», «Намунаи адабиёти тоҷик»- ро низ варақ заданд.
Дар намоиш китобҳое низ гузошта шуданд, ки аз ҷониби донишмандон дар солҳои мухталиф дар бораи устод Айнӣ навиштаву дар чопхонаҳои гуногуни кишвар ва хориҷ аз он интишор ёфтанд.
Аз ҷумла, китобҳои профессор Худойназар Асозода- «Зиндагинома ва осори Садриддин Айнӣ» ва «Садриддин Айнӣ дар миён ҳаст ва хоҳад буд» (Эҳдо ба 135- солагии устод Айнӣ); Наргис Аслонова- «Андешаҳои адабӣ- эстетикии Садриддин Айнӣ» ба намоиш гузошта шуданд.
Устод Садриддин Айнӣ аз бузургтарин чеҳраҳои фарҳангии кишвар дар даврони муосир аст, ки хизматҳои шоистаи ӯ дар рушди адабиёту фарҳанг ва эҳёи миллӣ бо унвони фахрии «Қаҳрамони Тоҷикистон» қадрдонӣ шудааст.








Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст






