Натиҷаи хуби кумаки суроғавии иҷтимоӣ
Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер дар ноҳияи Спитамен бо духтурон ва ҳамширагони марказҳои саломатии деҳоти Саидқурғон ва Тағояк вохӯрд. Дар муассиаҳои мазкур Бонки ҷаҳонӣ ҷорӣ намудани нақшаи нави маблағгузориро дар муассисаҳои кумаки аввалияи тиббию санитарӣ, ки ба баланд бардоштани сатҳи фарогирӣ ва сифати солимии модар ва кӯдак равона шудааст, дастгирӣ мекунад. Нақшаи маблағгузорӣ дар асоси натиҷаҳо аз соли 2014 инҷониб дар доираи лоиҳаи «Беҳсозии хизматрасониҳои тиббӣ», ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ маблағгузорӣ мегардад, дар 17 муассисаи тиббии ноҳияи Спитамен санҷида шуд. Дар натиҷаи чунин таҷриба муассисаҳои тиббӣ аз болоравии шумораи ташрифи занон барои гирифтани кумаки баъди таваллуд ва эмкунии пурраи кӯдакон дар ноҳия Спитамен иттилоъ медиҳанд. Лоиҳа ҷиҳати вусъати таҷрибаи мазкур иловатан тақрибан дар 300 муассисаи Кумаки аввалияи тиббию санитарӣ дар вилоятҳои Суғд ва Хатлон, ки минтақаҳои зерҳадафи лоиҳа мебошанд, Ҳукумати Тоҷикистонро дастгирӣ мекунад.Дигар ислоҳоти калидие, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ шуда, бомуваффақият дар ноҳияи Истаравшан санҷида шуд, Лоиҳаи кумаки суроғавии иҷтимоӣ мебошад, ки ба пешниҳод намудани кумаки маҷмӯии иҷтимоӣ ба 20 фоизи қишри нодортарини аҳолӣ тавассути баланд бардоштани мақсаднокии кумак равона шудааст. Татбиқи лоиҳаи таҷрибавии Кумаки суроғавии иҷтимоӣ дар ноҳияи Истаравшан аз лиҳози муайян намудан ва расонидани кумаки суроғавӣ ба хонаводаҳое, ки бештар ба кумак ниёз доранд натиҷаҳои хубро ба даст овард,-гуфт Виверс-Картер. Бонки ҷаҳонӣ дар вусъатдиҳии лоиҳаи таҷрибавӣ аз моҳи июни соли 2014 инҷониб то 25 ноҳия ва расонидани шумораи ноҳияҳои бо лоиҳа фарогирифташуда то 40 ноҳия то охири соли 2015 ва татбиқи ислоҳот дар саросари ҷумҳурӣ то соли 2017 Ҳукумати кишварро дастгирӣ мекунад. Дар ин бора аз хадамоти матбуоти Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолии Ҷ.Т хабар доданд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






