«Нодира»- беҳтарин маҳаллаи Душанбе
Душанбе, 16.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).-Зимни ҷамъбасти озмуни шаҳрии «Маҳаллаи беҳтарини пойтахт» маҳаллаи «Нодира»-и ноҳияи Исмоили Сомонӣ беҳтарин маҳалла дар Душанбе арзёбӣ гардид. Интизор меравад, ки дар Рӯзи пойтахт аз ҷониби шаҳрдорӣ маҳаллаи мазкур бо диплому Ҷоизаи рамзӣ бо акси Нишони шаҳри Душанбе сарфароз гардонида шавад. Инчунин шаҳрдорӣ тасмим гирифтааст, ки аз ҳисоби буҷаи пойтахт дар ҳудуди маҳаллаи «Нодира» майдончаи фароғатию варзишӣ бунёд намуда, онро бо таҷҳизоти замонавӣ муҷаҳҳаз гардонад.
Дар ин росто шаҳрдории Душанбе ба Сарраёсати меъморӣ ва шаҳрсозии пойтахт дастур додааст, ки дар ҳамкорӣ бо Кумитаи заминсозии шаҳри Душанбе, Муассисаи давлатии «Раёсати сохтмони асосӣ»-и шаҳр дар асоси Нақшаи генералии шаҳри Душанбе ҷои мувофиқро барои сохтмони майдончаи фароғатию варзишӣ бо таҷҳизоти замонавӣ интихоб намуда, дар зарфи як моҳ лоиҳаи қарори раиси шаҳри Душанберо оид ба ҷудо намудани қитъаи замин омода ва барои тасдиқ ба раиси шаҳр пешниҳод намоянд.
Бояд тазаккур дод, ки ҳадафи баргузории озмун тақвияти ҳамкории судманд байни мақомоти худфаъолияти ҷамъиятӣ, шӯроҳои шаҳраку маҳаллаҳо ва шаҳрдории Душанбест.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






