Нокомии варзишгарони тоҷик дар Санкт- Петербурги Русия

Апрель 20, 2015 14:32

Душанбе, 20.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои  Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон варзишгарони тоҷик дар марҳилаи Ҷоми Аврупо оид ба дзюдо байни навҷавонон, ки рӯзҳои 18 ва 19- уми  апрел дар шаҳри Санкт-Петербурги Русия бо ширкати 298 гӯштингир аз 19 кишвар баргузор шуд, шикаст хӯрданд. Дар мусобиқа 243 варзишгар аз 16 кишвари қораи Аврупо  ва 55 нафар аз се кишвари қораи Осиё — Қазоқистон, Тоҷикистон ва Ҷопон  ширкат дошт. 
Тоҷикистонро дар ин мусобиқа 9 варзишгар намояндагӣ кард, вале, мутаассифона, ҳамаи гӯштингирони ҷавони тоҷик-Комрон Мамадназаров (-60 кг), Раҳматуллобек Фарҳодов (-66 кг), Таҳмурас Норов (-81 кг), Ҳамдам Ҳамдамов(-81 кг), Шакармамад Мирмамадов (-90 кг), Ҳоҷимашраб Раҳмонов (-9 кг), Санавбар Шанбиев (-100 кг), Темур Раҳимов (-100 кг) ва Шукрона Қарчиева (-48 кг) дар мусобиқа дар нахустин қувваозмоиҳо аз рақибонашон мағлуб шуданд.  
Дар ҳисоби умумидастаӣ мунтахаби Русия бо касби 6 медали тилло, 5 нуқра ва 18 биринҷӣ ҷои аввалро гирифт. Дастаҳои мунтахаби Ҷопон (4-2-5) дувум ва Ҳолланд (3-1-0) севум шуданд.

Апрель 20, 2015 14:32

Хабарҳои дигари ин бахш