Оғози бозиҳои даври сеюми сабқати лигаи олии футбол
Душанбе,24.04.2015. (АМИТ ”Ховар” Рафоати Абдулҳамид).- Тибқи иттилои сомонаи расмии Кумитаи миллии Тоҷикистон бозиҳои даври сеюми мусобиқаи қаҳрамонии футболи Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 24- уми апрел бо бозӣ байни дастаҳои «Истиқлол”- и Душанбе — «Парвоз”- и Бобоҷон Ғафуров оғоз меёбад. Ин бозӣ дар шаҳри Душанбе дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ, соати 17:00 шурӯъ мешавад.
Чаҳор бозии дигари даври сеюм рӯзи шанбеи 25- уми апрел байни дастаҳои «Далерон- Ӯротеппа»- и Истаравшан — «Хайр»- и Ваҳдат, «Вахш»- и Қӯрғонтеппа — «Равшан»- и Кӯлоб, «Хуҷанд»- и Хуҷанд — ССКА «Помир»- и Душанбе ва «Регар-ТадАЗ»- и Турсунзода — «Барқи тоҷик»- и Душанбе барпо мегардад.
Ёдовар мешавем, ки баъди натиҷагирии ду давр дар ҷадвали мусобиқа «Истиқлол” ва «Хайр” бо шаш имтиёз пешсафанд. Бо назардошти таносуби беҳтари тӯбҳо «Истиқлол” дар ҷои аввал ва «Хайр” дар ҷои дувум қарор доранд. «Регар- ТадАЗ” ва «Вахш” бо чоримтиёзӣ мутаносибан дар зинаҳои сеюму чорум ҷойгир шудаанд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






