Оғози сохтмони се корхонаи азими саноатӣ дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара
Душанбе, 24.04.2015 (АМИТ «Ховар»).-Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон ба минтақаи озоди иқтисодии Данғара, ки дар ҷамоати деҳоти Лоҳур қарор дорад, ташриф оварда, нахуст бо гузоштани санги асос ва нома ба наслҳои оянда ба сохтмони се корхонаи азими саноатӣ оғоз бахшид.
Чуноки иттилоъ доданд 3 корхона бо харҷи беш аз 1 миллиарду 600 миллион сомонӣ сармояи муштараки соҳибкорони Тоҷикистону Чин бунёд меёбанд. Инҳо корхонаҳои истеҳсоли семент, шиша ва сафол ё худ кафел мебошанд.
Танҳо дар вақти сохтмони ин корхонаҳо наздики 1200 нафар бинокорони ватанӣ бо кори муваққатӣ таъмин мешаванд. Пас аз ба кор даромадани корхонаҳо дар онҳо барои қариб 2 ҳазор шаҳрвандони Тоҷикистон ҷойи кори доимӣ муҳайё мегардад.
Корхонаи семент дорои иқтидори солонаи 1 миллиону 600 ҳазор тонна, корхонаи сафол ва ё кафел 3 миллион метри мураббаъ ва корхонаи шиша наздики 2 миллион тонна маҳсулот мебошад. Чунин иқтидори истеҳсолӣ, хусусан дар бахши тавлиди семент, бо назардошти имконоти дигар корхонаҳои ин соҳа, имкон медиҳад, ки Тоҷикистон аз воридкунанда ба содиркунандаи ин маҳсулот табдил ёбад.
Ҳарсе корхона давоми 1,5 соли оянда ба кор дароварда мешаванд.
Бояд ёдовар шуд, ки минтақаи озоди иқтисодии Данғара соли 2009 дар масоҳати 521 гектар замини мавзеи басо фароху беканори Лоҳур таъсис ёфтааст. Мавқеи ҷуғрофии минтақа барои тавсиа додани истеҳсоли маҳсулоти саноатӣ бисёр мувофиқ аст, чунки он дар паҳлуи роҳҳои мошингарди байналмилалӣ ва роҳи оҳан ҷойгир шудааст.
Ҳоло дар ҳудуди ин минтақа сохтмони корхонаҳои коркарди нафт бо маблағгузории 3,5 миллиард сомонӣ, конструксияҳои металлӣ бо сармоягузории беш аз 125 миллион сомонӣ ва коркарди намак ба маблағи 12,5 миллион сомонӣ оғоз шуда, бомаром идома дорад.
Дар минтақаи озоди иқтисодии Данғара Сарвари давлат Эмомалӣ Раҳмон бо роҳбарону фаъолон ва соҳибкорони вилояти Хатлон мулоқот намуда, нахуст ҳамаи онҳоро бо оғози сохтмони ин се иншооти бузург табрик гуфт ва ба бунёдкорону сармоягузорони корхонаҳои мазкур барору комёбӣ таманно кард.
Бо ёдоварӣ аз имконоти фарохи вилояти Хатлон барои боз ҳам зиёд кардани истеҳсоли маҳсулоти саноативу кишоварзӣ аз мардуми заҳматнописанди он ва хусусан соҳибкорони бонангу номус даъват карда шуд, ки дар истифодаи босамару оқилона аз замин ва оби фаровон, афзун намудани истеҳсоли меваю сабзавоти содиротӣ, ташкили корхонаҳои нави истеҳсолӣ ва таъсиси ҷойҳои иловагии корӣ фаъол бошанд.
Изҳори бовар карда шуд, ки мардуми созандаву бунёдкори вилояти Хатлон, аз ҷумла сокинони ноҳияи Данғара дар таъмини фаровонӣ дар бозори дохилӣ минбаъд низ саҳми намоён ва арзандаи таҳсин мегузоранд.
Дар ин бора ба АМИТ «Ховар» аз Хадамоти матбуоти Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон иттилоъ доданд.








Дар муассисаҳои таҳсилоти олии вилояти Ивановои Федератсияи Русия зиёда аз 600 шаҳрванди Тоҷикистон таҳсил менамоянд
Имрӯз дар ноҳияҳои кӯҳии Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Филиали Донишкадаи энергетикии Москва дар шаҳри Душанбе нишасти матбуотӣ доир мегардад
Филиали Донишгоҳи миллии таҳқиқотии технологӣ «МИСИС»-ро 127 донишҷӯ хатм намуд
Тоҷикистон ва Ҷопон ҳамкориро дар соҳаи энергетика ва захираҳои об густариш медиҳанд
15 хатмкунандаи Филиали Донишкадаи рушди менеҷменти Сингапур тибқи стандартҳои таълимии Британияи Кабир соҳиби дараҷаҳои магистрӣ шуданд
ПАНҶСОЛАИ РУШДИ САНОАТ. Дар ноҳияи Рашт 10 коргоҳи истеҳсолию корхонаи саноатӣ ба истифода дода мешавад
Ғолибони даври дуюми Озмуни ҷумҳуриявии «Тоҷикистон — Ватани азизи ман» муайян гардиданд
Бонки миллии Тоҷикистон аз паҳн гардидани боз як навъи қаллобӣ ҳушдор медиҳад
Дар Бохтар оид ба кам кардани талафоти неруи барқ ҷаласа доир гардид
Ҷалби сармояи Чин ба соҳаҳои афзалиятноки иқтисоди Тоҷикистон баррасӣ гардид






