Оила — ниҳоди муқаддас
Душанбе, 3.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).- 1 апрел дар кафедраи фанҳои гуманитарии Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон бо иштироки доираи васеи устодон мизи мудаввар дар мавзӯи «Оила — ниҳоди муқаддас дар фарҳанги мардуми тоҷик» доир гардид.
Мудири кафедраи мазкур Асадулло Муллоҷонов мавзӯи баррасишавандаро муҳим ва саривақтӣ арзёбӣ намуда, иброз дошт, ки оила асоси пойдории давлат ва ҷамъият аст. Инсоният баҳри инкишофи ҷомеаи мутамаддин тӯли қарнҳо ҷаҳду талошҳои зиёд варзида, марҳила ба марҳила ба беҳдошти рафтору ахлоқ, одоби бунёди оила ва оиладорӣ, маърифату фарҳанги ҳамзистӣ замина гузошт, ки ин раванд пайваста ташаккул меёбад. Бахшида ба Соли оила эълон гардидани соли 2015 аз ҷониби Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон имрӯзҳо дар саросари кишвар чорабиниҳои гуногуни фарҳангию илмӣ доир шуда истодаанд.
Устодони кафедра Убайдулло Сабуров дар мавзӯи «Оила- ниҳоди муқаддас дар фарҳанги мардуми тоҷик» ва Арзигул Турсунова дар мавзӯи «Нақши оила дар широити муосир» маърӯза намуданд.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






