Пазироии Набил ал-Арабӣ аз Хусрав Нозирӣ
Душанбе, 16.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 15 апрели 2015 дар Қоҳира Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Набил ал-Арабӣ Сафири Фавқулода ва Мухтори Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Ҷумҳурии Арабии Миср Хусрав Нозириро ба ҳузур пазируфт.
Дар мулоқоти мазкур дипломати тоҷик паёми вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Асловро ба Дабири кулли Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Набил ал-Арабӣ дар бораи таъйин намудани Намояндаи доимии кишвари мо дар Ҷомеаи давлатҳои арабӣ супорид.
Гузашта аз ин, мусоҳибон дар он дидор дар бораи масъалаҳои густариши бештари ҳамкорӣ байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷомеаи давлатҳои арабӣ дар соҳаҳои гуногун мубодилаи афкор намуданд.
Бояд тазаккур дод, ки дар чаҳорчӯби нахустин иҷлосияи Форуми иқтисод ва ҳамкории арабӣ бо кишварҳои Осиёи Марказӣ ва Ҷумҳурии Озарбойҷон, ки 13 майи 2014 дар Риёз баргузор гардид, байни Ҷумҳурии Тоҷикистон ва Ҷомеаи давлатҳои арабӣ Ёддошти ҳамкорӣ ба имзо расид. Дар назар аст, ки кишвари мо нишасти ояндаи Форуми мазкурро дар соли 2016 мизбонӣ кунад.








Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид






