«Равшан»- бозиро бар «Хайр» бохт

Апрель 15, 2015 14:25

Душанбе, 15.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Тавре ки  Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон хабар додааст даври дуюми сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон бо бозии дастаҳои «Равшан»-и Кӯлоб ва «Хайр»-и Ваҳдат шурӯъ шуд.
Ин бозӣ, ки шоми 14- уми  апрел дар Варзишгоҳи марказии шаҳри Кӯлоб бо ҳузури беш аз 15 ҳазор тамошобин баргузор гардид, бо пирӯзии меҳмонон ва бо ҳисоби 2-1 ба анҷом расид. Ҳарсе гол дар нимаи аввали бозӣ зада шуд.
Голҳои «Хайр»-ро Мӯҳсинҷон Парпиев дар дақиқаи 10-ум ва Меҳроҷиддин Музаффаров дар дақиқаи 42-юм заданд. Голи «Равшан»-ро Шодибек Ғаффоров дар дақиқаи 35-ум ба ҳадаф расонд.
Ду бозии дигари даври дуюм рӯзи шанбеи 18- уми  апрел байни дастаҳои «Парвоз»-и Бобоҷон Ғафуров — «Хуҷанд»-и Хуҷанд ва ССКА «Помир»-и Душанбе — «Вахш»-и Қӯрғонтеппа барпо мегардад. Ду бозии охирини даври дуюм рӯзи якшанбеи 19- уми  апрел миёни дастаҳои «Далерон-Ӯротеппа»-и Истаравшан — «Регар-ТадАЗ»-и Турсунзода ва «Барқи тоҷик»-и Душанбе — «Истиқлол»-и Душанбе сурат мегирад.
Бояд гуфт, бо сабаби зиёд шудани теъдоди дастаҳои ширкаткунандаи сабқати лигаи олӣ, Лигаи миллии Тоҷикистон тасмим гирифт, мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии кишвар бо ширкати даҳ даста дар ду давра гузаронда шавад. Дар арафаи мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар масъалаи маблағгузории бошгоҳи футболи «Энергетик»-и Душанбе ҳал шуд. Ин даста, ки ширкаткунандаи даҳуми чемпионати Тоҷикистон-2015 мебошад, имсол «Барқи тоҷик» ном гирифтааст.
Лигаи миллии футболи Тоҷикистон тақвими бозиҳои чемпионатро, ки аз се давра иборат буд, тағйир дод ва дастаҳо акнун дар ду давра бозӣ мекунанд. Ҳар як даста имсол 18 бозӣ анҷом медиҳад.
Дар ҳамин ҳол дар ҷадвали мусобиқа «Хайр” бо 6 имтиёз аз ду бозӣ дар ҷои аввал аст. Дастаҳои «Истиқлол” ва «Вахш”, ки ҳар кадом як бозӣ анҷом додааст, бо се имтиёзӣ мутаносибан дар ҷойҳои дуюму сеюм қарор доранд.

Апрель 15, 2015 14:25

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!