Рукнҳо ва меъёрҳои бонкдории исломӣ
Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- Бо ташаббуси Бонки миллии Тоҷикистон ва бо иштироку дастгирии Шӯрои хизматрасонии молиявии исломӣ (ШХМИ) барои кормандони мақомоти танзим ва назорати бахши бонкӣ, мутахассисони бонкҳо ва ташкилотҳои маблағгузории хурд ҳафтаи гузашта семинари омӯзишии чоррӯза таҳти унвони Рукнҳо ва меъёрҳои бонкдории исломӣ баргузор гардид. Тибқи барномаи омӯзишӣ дар назди иштирокдорони семинар ёрдамчии Дабири кулли ШХМИ Шариф Аюб ва мутахассисони варзидаи Департаменти техникию тадқиқотии созмони номбурда маърӯзаю суҳбатҳои амалӣ анҷом доданд. Тавре ки дар ҷараёни семинар изҳор гардид, омӯзиши мазкур асосан бо мақсади тақвияти дарку фаҳмиши иштирокчиёни он дар бораи меъёрҳои дахлдор ва принсипҳои асосие, ки барои татбиқи ҳамин меъёрҳо дар ташкилотҳои дахлдор заруранд; ба аҳли нишаст тавассути мисолҳои мушаххас, машғулиятҳои амалӣ ва маводи интерактивӣ кумак расонидан дар истифодаи амалии масъалаҳои вобаста ба ин меъёрҳо; мусоидат намудан дар мубодилаи таҷриба ҳангоми ҷорӣ кардани меъёрҳои дахлдори ШХМИ ва принсипҳои асосии он ташкил карда шудааст. Ба ғайр аз ин, иштирокдорони семинар имконият пайдо карданд, ки маълумотҳои мукаммалро дар бораи заминаи маблағгузории исломӣ ва амалиёти бонкии исломӣ, принсипҳои асосии идораи хавфҳо барои ташкилотҳои дорои хизматрасониҳои молиявии исломӣ, принсипҳои асосии низоми идорасозӣ тибқи усулҳои исломӣ, стандарти кифоя набудани сармояи азнавдидашуда ва ғайраро ба даст оранд. Дар интиҳои семинар ба 70 нафар намояндаи низоми бонкии ҷумҳурӣ сертификат супорида шуд. Дар ин бора аз Хадамоти матбуоти БМТ хабар доданд.








Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад






