СҲШ, БРИКС ва рушди устувори иқтисод
Душанбе, 21.04.2015. (АМИТ «Ховар», Раъно Нусратуллозода).-Дар ҳафтаи гузашта бо дастгирии Вазорати молияи Ҷумҳурии Тоҷикистон дар Донишкадаи молия ва иқтисоди Тоҷикистон видеоконфронси байналмилалии илмӣ-амалӣ дар мавзӯи «СҲШ ва БРИКС чун омили устуворӣ ва болоравии иқтисодиёти ҷаҳонӣ» доир гардид. Дар он устодону донишҷӯёни Академияи хизмати давлатӣ ва идоракунии назди Президенти Ҷумҳурии Бошқирдистон, Маркази авруосиёии «Самрау» ва филиали Донишгоҳи молиявии назди Ҳукумати Федератсияи Русия дар Челябинск ширкат варзиданд.
Дар онлайн-конфронс ректори донишкада Ашурбой Солиев, декани факултаи муносибатҳои иқтисоди байналмилалӣ Н. Попов, профессори кафедраи муносибатҳои молиявӣ — қарзии байналхалқӣ Л. Саидмуродов сухан гуфта, зикр намуданд, ки баргузории чунин чорабиниҳо ҷомеаҳои илмиро муттаҳид намуда, барои густариши робитаҳои байналмилалӣ мусоидат менамояд.
Меҳтархон Содиқов, мудири кафедраи муносибатҳои молиявӣ — қарзии байналхалқӣ ва донишҷӯёни факултаи муносибатҳои иқтисодии байналмилалӣ вобаста ба мавзӯи матраҳгардида маърӯзакарданд.








МегаФон Тоҷикистон: МегаҚувва гигабайтҳоро дучанд менамояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 22 дараҷа гарм мешавад
Ҳамкории Тоҷикистон ва Созмони ҳамкории иқтисодӣ баррасӣ гардид
Дар Кумитаи хоҷагии манзилию коммуналӣ бахшида ба Рӯзи Президент чорабинии тантанавӣ баргузор гардид
Дар шаҳри Панҷакент маркази хизматрасонӣ ва тарабхона ба истифода дода шуд
Дар Кӯлоб барои омодагӣ ба ҳолатҳои фавқулода ҷаласа доир шуд
Бахшида ба Рӯзи Президент дар шаҳри Бӯстон Рӯзи дарҳои кушод доир гардид
ПАНҶАКЕНТИ ҚАДИМ. Оид ба омӯзиши он конференсияи илмӣ баргузор шуд
Дар шаҳри Панҷакент фаъолияти корхонаҳои саноатӣ тақвият меёбад






