С. Элиотт: Тоҷикистон бояд бо Русия ҳамкории иқтисодиву иҷтимоӣ дошта бошад
Душанбе, 17.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Тоҷикистон бо Русия бояд ҳамкории ҳам иқтисодӣ ва ҳам иҷтимоӣ дошта бошад, зеро Тоҷикистон яке аз кишварҳои собиқ Шӯравӣ буд. Ҳамчунин аксари мардуми тоҷик баъди пош хӯрдани давлати Шӯравӣ низ дар Русия фаъолият ва зиндагӣ доранд, -иброз дошт сафири ИМА дар Тоҷикистон Сюзан Эллиотт дирӯз дар нишаст бо хабарнигорон.
Бино ба гуфтаи сафир на танҳо Тоҷикистон, балки кишварҳои Осиёи Марказӣ низ бояд миёни ҳамдигар ва ҳамчунин бо Русияву Чин муносибатҳои хуби иқтисодию иҷтимоӣ дошта бошанд.
— Кишварҳои Осиёи Миёна аз ҷиҳати иқтисодӣ дар ҳоли рушд мебошанд ва ҳамкории Ҳукумати ИМА бо минтақаи Осиёи Миёна манфиатовар аст, -афзуд сафири Амрико дар Тоҷикистон хонум Сюзан Эллиотт.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






