С.Лавров аз рушди муносибатҳои байни Тоҷикистону Русия изҳори қаноатмандӣ кард

Апрель 3, 2015 12:36

Душанбе, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар»).-  «Шӯрои роҳбарони  ВКХ  дар ҷараёни ҷаласаи вазирони корҳои  хориҷии  кишварҳои узви Созмони Аҳдномаи амнияти  дастаҷамъӣ якчанд  масоили  муҳимро  мавриди  муҳокима  қарор  дод. Аз  ҷумла  аҳд  шуд, ки дар  ҳошияи кори умумии мо  дар  амри  омодагӣ ба таҷлили 70 — солагии Ғалаба  дар Ҷанги  Бузурги  Ватанӣ силсилаи  чорабиниҳо  роҳандозӣ  шаванд. Ҳамчунин  изҳороти  муштарак  маъқул  ёфта  шуд, ки   дар  СММ, САҲА ва  дар  сатҳи  дигари байналмилалӣ интишор  мегардад», —  гуфт  баъди  мулоқот бо Президенти  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  дар  ҷараёни нишасти  матбуотӣ  барои  журналистон  вазири  корҳои хориҷии  Федератсияи  Русия  Сергей  Лавров.
«Мо дар Маскав  ва пойтахтҳои  дигари  кишварҳои  узви  СААД  перомуни ҷиҳатҳои  мушаххаси  ин  чорабинӣ  аҳд  кардем. Принсипан  муҳим  аст, ки  намояндагони  СААД — Раиси амалкунандаи  СААД, вазири  корҳои  хориҷии  Сербия Ивитса  Дачич  ва роҳбари  Маркази СММ  оид ба дипломатияи  фарогири  кишварҳои Осиёи  Марказӣ Мирослав Енча, ки дар  мулоқоти вазирони  корҳои  хориҷии  СААД  ширкат  доштанд, ин  нақшаҳоро  дастгирӣ  намоянд. Роҳбари  ВКХ ФР   дар  идомаи  мавзӯи  мазкур  илова  намуд, ки  СММ ва  САҲА  тасмим  гирифтаанд, ки санаи Ғалабаи  Бузург  ба таври  арзанда таҷлил  шавад. «Мо дар  мавриди чӣ  тавр  созмон  додани  инро бо  мушориконамон  мувофиқа  кардем», —  гуфт  С. Лавров. 
Ғайр  аз  ин,  дар  ҷараёни  ҷаласа  Нақшаи  машваратҳои  кишварҳои  узви СААД аз рӯи  масоили  сиёсати  хориҷӣ ва амнияти  мудофиавӣ  маъқул  ёфта  шуд.  Ин ҳуҷҷати  фарогирест, ки   беш  аз 20 чорабиниро  пешбинӣ менамояд. «Дар  ҳошияи  барномаи якчанд  сол  пеш  оғозёфтаи  танзими  фаъолияти сиёсии  хориҷӣ  бо  василаи  пешниҳоди  мавқеъҳои  муштарак   дар  форумҳои байналмилалӣ  феҳрасти  изҳоротҳои  муштарак  маъқул ёфта шуд, ки онҳоро  сафирон ва  намояндагони  мо   дар  созмонҳои байналмилалӣ  соли  ҷорӣ  дар  СММ ва САҲА,  Шӯрои  Аврупо  ва  сохторҳои  дигар  тарҳрезӣ  менамоянд. Ҷамъ 10  мавзӯъ  мутобиқ  шудааст, ки  асоси  изҳоротҳои  муштаракро  ташкил  медиҳанд», — афзуд роҳбари  ВКХ.
С. Лавров дар  ҷараёни  мулоқот  бо  Президенти Ҷумҳурии  Тоҷикистон  Эмомалӣ  Раҳмон  қайд  намуд, ки  аз  рушди  муносибатҳои дуҷониба дар  соҳаи  иқтисодиёт изҳори қаноатмандӣ  карда шуд. «Дар ҷаласаи Комиссияи байниҳукуматии ҳамкории  тиҷоратию  иқтисодӣ, ки  моҳи  гузашта  баргузор гардид, бисёр  масоиле  мавриди баррасӣ  қарор  гирифтанд, ки ҳалли  онҳо бояд ҳамкории  моро  густариш  диҳад ва  мо изҳор  доштем, ки аҳду  паймони  қаблиамон ҳар чӣ  зудтару  самарабахштар  ҷомаи  амал пӯшад», — тавзеҳ  дод  вазири  корҳои  хориҷии  Русия.
Ғайр  аз  ин  аз он  изҳори  қаноатмандӣ  гардид, ки  масъалаҳои  ошкорнамоӣ ва  таъмини  вазъияти  беҳтарини  муҳоҷирони меҳнатии  Тоҷикистон чӣ  тавр  ҳал  карда  мешаванд. Алҳол  чор  созишномаи  изофӣ таҳия  шудааст,  ки  имкон  медиҳанд,  ҳамаи  масоиле, ки  дар  ин  бахш  ҳанӯз  арзи  вуҷуд  доранд,  пурра  ҳал  шаванд. «Вазифаи  мо  иборат  аз  он  аст, ки ин  одамонро  аз ҷаҳолат  барорем,  онҳоро  мардуми  комилҳуқуқу ҳифзшуда созем,  то  онҳоро  касе  истисмор  карда  натавонад» — гуфт  С.Лавров. 
«Мо  ҳамчунин  масоили   ҳамкории ҳарбию  техникӣ, ба  Тоҷикистон ҳамчун  иттифоқчии СААД  ёрии ҳарбию техникӣ расонидани  Русияро,  пеш  аз  ҳама,  бо дарназардошти он  ситезаҷӯиҳое, ки  аз  самти  ҷанубӣ афзоиш  меёбанд,  муҳокима намудем. Мо ҷонибдории  худро  аз  иҷрои уҳдадориҳоямон  дар  назди  Тоҷикистон  дар  амри  таҳкими  қобилияти  мудофиавии он, ҳам  аз  роҳи  дуҷониба  ва  ҳам дар  ҳошияи қарорҳое, ки дар СААД  қабул  шуда буданд,  тасдиқ  намудем.
Имрӯз барномаи  ҳамкории  сиёсии хориҷии байни  вазоратҳои  корҳои  хориҷии  Русия  ва  Тоҷикистон  имзо  шуд. Ин  ҳуҷҷати  анъанавиест, ки  танзими  фаъолиятамонро дар  меҳвари  созмонҳои  байналмилалӣ ва  сафоратҳоямон  дар  хориҷа  таъмин  месозад», — гуфт  дар  хотима  вазири  корҳои  хориҷии  Русия. 

Апрель 3, 2015 12:36

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Имрӯз дар Тоҷикистон эҳтимол раъду барқ ба амал ояд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 34 дараҷа гарм мешавад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!