Сабқати лигаи олии футболи Тоҷикистон имрӯз оғоз меёбад
Душанбе,09.04.2015 (АМИТ “Ховар”, Рафоати Абдулҳамид).- Ба иттилои Маркази матбуоти Кумитаи миллии олимпии Тоҷикистон мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии Тоҷикистон байни дастаҳои лигаи олӣ имрӯз, 9-уми апрел бо бозӣ байни «Истиқлол»-и Душанбе ва «Хуҷанд»-и Хуҷанд оғоз меёбад. Ин бозӣ дар пойтахти кишвар дар Варзишгоҳи марказии ҷумҳуриявӣ соати 17:00 шурӯъ мешавад.
Диловар Орзуев, аз ноҳияи Ҳисор, сардовари бозии нахустини мусобиқаи имсолаи қаҳрамонии кишвар таъйин шудааст.
Барои аввалин бор мусобиқа бо ширкати 9 даста дар се давра барпо мегардад. Мусобиқаи 24-уми қаҳрамонии Тоҷикистон то рӯзи 22-юми ноябр идома хоҳад кард.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






