Сафари ҳайати ҳукуматӣ бо сарварии Азим Иброҳим ба ноҳияи Файзобод
Душанбе, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз тахминан соатҳои 13:10 дақиқа дар деҳаи Яккабеди ҷамоати деҳоти Меҳрободи ноҳияи Файзобод бар асари офати табиӣ — лағзиши як теппа тахмин даҳ нафар сокинони ноҳия, ки барои кашидани хатти оби нӯшокӣ кор мебурданд, зери хок мондаанд.
Комиссияи ҳукуматӣ бо дастури Сарвари Давлат Эмомалӣ Раҳмон таҳти сарварии муовини Сарвазири мамлакат Азим Иброҳирм ҳоло дар ҷойи ҳодиса қарор дошта, баҳри рафъи оқибатҳои ин офати табиӣ чораҳои зарурӣ меандешанд. Дар ҳайати комиссияи мазкур намояндагони тамоми сохторҳои давлатӣ шомил буда, барои ҳарчи зудтар бартараф намудани оқибатҳои ин офат ва расонидани кумак ба зарардидагон чораҷӯӣ мекунанд.
Аз рӯи маълумоти расмӣ то ҳол исми даҳ нафар аз зерихокмондагон ошкор шуда, ҷасади ду нафари онҳо аз зери хок берун бароварда шудааст. Ҷустуҷӯи нафарони дигар ва корҳои бартарафсозии оқибати офати табиӣ идома дорад.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






