Сарбанд аввалин шуда нақшаи даъвати баҳориро иҷро кард

Апрель 9, 2015 09:47

Душанбе, 9.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Ҷавонони баору номуси шаҳри Сарбанд Фармони Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистонро дар бораи даъвати навбатии наваскарон ба сафи Қувваҳои Мусаллаҳи ҷумҳурӣ ҷонибдорӣ намуда, аксарашон азми хизмат намуданд. Натиҷаи чунин азми қавӣ, ҳисси баланди ватандӯстӣ ва иродаи матини онҳо буд, ки шаҳри Сарбанд дар байни 25 шаҳру ноҳияи вилояти Хатлон аввалин шуда, нақшаи даъвати баҳориро дар рӯзи аввали даъват ба иҷро расонд.
Комиссари ҳарбии шаҳр Давлатманд Гулов зикр намуд ки : «Агар  аз як ҷиҳат, омодагию азми қавии ҷавонон ба ин мусоидат карда бошад, аз ҷониби дигар натиҷаи хуби корҳои фаҳмондадиҳии масъулони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии шаҳр, комиссариати ҳарбии шаҳр, ҷамоатҳои деҳот ва тарбияи ҳисси ватандӯстии ҷавонон дар мактабҳои таҳсилоти миёнаи умумӣ ва ҳамчунин масъулиятшиносии волидайн ба ин сабаб гардидааст. Боиси ифтихор аст, ки ҷавонони сарбандӣ имрӯз бе тарсу ҳарос бо даъвати дилу ҳукми виҷдон ба саҳни комиссариати ҳарбӣ ихтиёрӣ ҳозир шудаанд. Боиси зикр аст, ки хизмати Модар- Ватан барои ҳар як фард ҳам қарз асту ҳам фарз ва барои иҷрои қарзи фарзандӣ ҳар ҷавонписар бояд ба сафи Қувваҳои мусаллаҳи Ҷумҳурии Тоҷикистон шомил гардида, дар ҳифзи марзу буми Ватан ҳиссагузорӣ намояд».
 

Апрель 9, 2015 09:47

Хабарҳои дигари ин бахш

Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад