Шӯрои МН лоиҳаи қонуни аҳзоби сиёсиро матраҳ кард

Апрель 13, 2015 11:34

Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ „Ховар, Марзия Саидзода).-Дар ояндаи наздик палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон ба Қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон „Дар бораи ҳизбҳои сиёсӣ ва «Дар бораи иттиҳодияҳои ҷамъиятӣ», тағйиру иловаҳо ворид менамояд. Масъалаи мазкур 13 апрел дар ҷаласаи Шӯрои палатаи поёнии Парлумони Тоҷикистон, ки таҳти раёсати Шукурҷон Зуҳуров -раиси Маҷлиси намояндагон доир гардид, баррасӣ шуд.  Аъзои Маҷлиси намояндагон ҳамзамон ворид намудани тағйиру иловаҳо ба қонунҳои конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Суди конститутсионии Ҷумҳурии Тоҷикистон» ва „Дар бораи судҳои Ҷумҳурии Тоҷикистон», инчунин ворид намудани тағйирот ба лоиҳаи қонуни Ҷумҳурии Тоҷикистон «Дар бораи Буҷети давлатии Ҷумҳурии Тоҷикистон барои соли 2015» — ро муҳокиа намуданд. Инчунин Созишнома оид ба ҳифзи техникии иттилоот дар сохтори минтақавии зиддитеррористии Созмони ҳамкории Шанхай ва Конвенсия оид ба пешгирии ҷинояти генотсид ва ҷазо барои он матраҳ гардиданд.

Апрель 13, 2015 11:34

Хабарҳои дигари ин бахш

Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбандаи бебориш пешгӯӣ мешавад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 19 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар ноҳияҳои алоҳидаи Тоҷикистон чангу ғубор ба амал меояд
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад