Шаҳрдорӣ ба Рӯзи пойтахт омодагӣ дорад
Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ «Ховар», Марзия Саидзода).- «Ҳамасола дар Душанбе шанбеи сеюми моҳи апрел Рӯзи пойтахт таҷлил мешавад, ки соли равон он ба 18 апрел рост меояд. Дар иртибот ба ин барои дар сатҳи баланд таҷлил намудани Рӯзи пойтахт раиси шаҳри Душанбе Маҳмадсаид Убайдуллоев қарори марбута ба тасвиб расонда, нақшаи чорабиниҳоро тарҳрезӣ намуд.
Дар асоси ин қарор муовинони раиси шаҳр, раисони ноҳияҳои пойтахт ва роҳбарони сохторҳои шаҳр муваззаф гардиданд, ки нақшаи чорабиниҳои тарҳрезишударо амалӣ намоянд.
Тибқи нақшаи тарҳрезишуда 18 апрел аз соати 8:00 то 11:00 дар пойтахт ҳашари умумишаҳрӣ гузаронида шуда, ҳамзамон дар ин рӯз дар Душанбе як силсила иншоотҳои нав ба истифода дода мешаванд. Дар ин рӯз дар Боғи устод Рӯдакӣ, боғҳои фарҳангу фароғатии «Дӯстии халқҳо», «Кӯли ҷавонон» ва майдони «800-солагии Маскав», сайругашти оммавии шаҳрвандон, маҳфилҳои шеъру суруд, намоиш ва фурӯши маҳсулоти қаннодӣ ташкил хоҳад шуд.
Инчунин бо мақсади тарғиби тарзи ҳаёти солим дар пойтахт 18 апрел ниммарафони VI байналмилалии Душанбе гузаронида мешавад, ки он аз соати 9:00 оғоз меёбад.
Ба муносибати таҷлили Рӯзи пойтахт дар Китобхонаи шаҳрии ба номи А. Лоҳутӣ таҳти унвони «Душанбе — маркази маънавиёт» намоиши китоб ва конфронси илмӣ-адабӣ ташкил шуда, дар як вақт Фестивали мактабҳои мусиқии бачагонаи пойтахт зери унвони «Душанбе-шаҳри ҷавонӣ» гузаронида мешавад.
Ҳамзамон баъд аз зӯҳри 18 апрел дар бинои «Душанбе-Плаза» ниммарафони VI байналмилалии Душанбе ва озмунҳои касбии анъанавии шаҳрдорӣҷамъбаст гардида, ба ғолибон туҳфаҳои шаҳрдорӣ эҳдо мешаванд.
Барномаҳои фарҳангӣ бо иштироки устодони санъат ва ситораҳои эстрадаи тоҷик дар Боғи Наврӯзгоҳ (аз соати 17:00) ва Боғи пойтахт (аз соати 18:00) ба чорабиниҳои фарҳангии шаҳрдорӣ ба Рӯзи пойтахт ҳусни анҷом мебахшанд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






