Шерхон Салимзода ба Маскав рафт
Душанбе,13.04.2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз раиси Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон Салимзода Шерхон Одина барои иштирок дар ҷаласаҳои Кумитаи иҷроия ва Шӯрои генералии Конфедератсияи умумии иттифоқҳои касаба, ки ташкилотҳои байналхалқии иттифоқҳои касабаи кишварҳои Иттиҳоди давлатҳои мустақилро муттаҳид мекунад, ба шаҳри Маскав сафар кард.Тибқи иттилои Ҳикматулло Иззатов, котиби матбуоти Федератсияи иттифоқҳои касабаи мустақили Тоҷикистон дар ҷаласа Салимзода Ш. О. «Дар бораи вазъи иҷтимоӣ-иқтисодӣ дар ҷумҳурӣ ва вазифаҳои иттифоқҳои касаба» сухан хоҳад кард.Интизор меравад, ки дар доираи сафар Салимзода Ш. О. бо директори Бюрои ташкилоти байналхалқии «Меҳнат» дар шаҳри Маскав Димитрина Димитрова оид ба масъалаи пешомадҳои ояндаи ҳамкориҳои дутарафа ва муайян намудани афзалиятҳо вохӯрӣ намояд.Тибқи иттилои манбаъ, рӯзҳои 16 ва 17 апрели соли равон Салимзода Ш. О. ҳамзамон дар кори Ассамблеяи байнипарлумонии кишварҳои ИДМ, ки дар шаҳри Санкт-Петербург баргузор мегардад, иштирок хоҳад кард.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






