Шиносоии М. Ҷабборӣ бо вазъи муассисаҳои иҷтимоии ноҳияи Қубодиён
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрўз таҳти роҳбарии муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ гуруҳи корӣ дар ҳайати сардори Раёсати илму маърифати Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Сайфиддин Давлатзода, мудири Шуъбаи дин, танзими анъана ва ҷашну маросимҳои миллии Дастгоҳи иҷроияи Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон Одинашоҳ Вализода, намояндагони мақомоти иҷроияи ҳокимияти давлатии вилояти Хатлон бо мақсади иҷрои дастуру супоришҳои роҳбарияти Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон ҷиҳати аз наздик шинос шудан бо вазъи муассисаҳои иҷтимоӣ ба ноҳияи Қубодиёни вилояти Хатлон сафари корӣ доир намуданд.
Зимни сафар гуруҳи корӣ аз вазъи таълиму тарбия ва истифодаи самараноки либосҳои мактабӣ дар муассисаҳои таҳсилоти миёнаи умумии рақамҳои 1, 3, 11, 19, 23, 31, Гимназияи №1, мактаб – интернати ҷумҳуриявӣ, Коллеҷи омўзгорӣ, Литсейи касбӣ – техникӣ шинос шуда, аз муассисаҳои бахши фарҳангӣ ва иттиҳодияҳои динии ноҳия низ дидан намуданд.
Дар ҷараёни боздид муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Марҳабо Ҷабборӣ ва ҳайати ҳамроҳонаш бо аҳли ҷамоатчигии ҷамоатҳои деҳоти «Тахти сангин», «Заргар», «Носири Хусрав», «И.Ниёзов», «У.Назаров»ва мулоқот карда, бо рафти корҳои саҳроӣ аз наздик шинос гардиданд.
Вобаста ба натиҷаҳои боздид бо иштироки масъулини мақомоти ноҳия машварати корӣ доир гардида, ҷиҳати вусъат бахшидан ба корҳои фаҳмондадиҳӣ оид ба пешгирии истифодаи либосҳои ғайримиллӣ, пурра таъмин намудани хонандагон бо либосҳои мактабии истеҳсоли ватанӣ, бо ташкил кардани чорабиниҳои фарҳангию фароғатӣ ва маърифатӣ пешгирӣ намудани ҷавонон аз шомилшавӣ ба гурўҳҳои тундгаро, самаранок истифода бурдани рўзҳои баҳорӣ барои корҳои саҳроӣ ва дигар масъалаҳои марбута дастуру супоришҳои дахлдор дода шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






