Сироҷиддин Аслов бо Олиҷоҳ Маҳа Чакри Сириндҳорн мулоқот кард
Душанбе, 8.04.2015 (АМИТ «Ховар»).- 7 апрели соли 2015 мулоқоти вазири корҳои хориҷии Ҷумҳурии Тоҷикистон Сироҷидин Аслов бо Шоҳзодахонуми Шоҳигарии Таиланд Олиҷоҳ Маҳа Чакри Сириндҳорн, ки 6 апрел барои боздиди шиносоӣ ба Ҷумҳурии Тоҷикистон омадааст, баргузор гардид.
Дар вохӯрӣ доир ба ҳолати кунунӣ ва дурнамои рушди муносибатҳои дуҷониба мубодилаи афкор сурат гирифт. Дар ин робита ҷонибҳо аҳамияти ифтитоҳи хатсайри ҳавопаймоии мустақим байни Душанбе ва Бангкокро таъкид намуданд.
Ҷонибҳо инчунин вобаста ба баргузории Конфронси байналмилалии сатҳи баланд доир ба арзёбии дастовардҳои Даҳсолаи байналмилалии амал “Об барои ҳаёт” (9-11 июни соли 2015, Душанбе) табодули назар карданд.








Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво 22 дараҷа гарм мешавад
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст






