Суғд: Кумакпулӣ ба иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ

Апрель 30, 2015 10:14

Хуҷанд, 30.04.2015. (АМИТ Ховар,Абдуаҳад Шарифзода).-Дар вилояти Суғд тибқи қарори раиси вилояти Суғд хамаи иштирокчиён ва маъюбони ҶБВ дар арафаи ҷашни 70-солагии Ғалаба аз кумакпулии яквақта бархурдор хоҳанд шуд. Тавре ки ба АМИТ Ховар роҳбари хадамоти матбуоти раиси вилоят Музаффар Юнусов иттилоъ дод, бо мақсади ҳифзи иҷтимоии иштирокчиёну маъюбони Ҷанги Бузурги Ватанӣ ва ба муносибати 70 солагии Рӯзи Ғалаба дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ ба иштирокчиёну маъюбони ҶБВ ва ҳамсарони бесаробонмондаи ҷанговарони дар ин ҷанг ҳалокгардидае, ки нафақаи бесаробонӣ мегиранд, ба маблағи 1000 сомонӣ кумакпулии яквақта расонида мешавад. Дар ин замина инчунин ба шахсоне, ки дар давраи Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 1945 дар хизмати ҳарбӣ буданд ва на кам аз 6 моҳ дар ақибгоҳ кор кардаанд, инчунин ба шахсоне, ки барои хизмати ҳарбии бенуқсон ва меҳнати фидокорона дар ақибгоҳ дар Ҷанги Бузурги Ватанӣ бо медалҳои «Барои Ғалаба бар Германия дар Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945», «Барои Ғалаба бар Япония» ва «Барои меҳнати шоён дар солҳои Ҷанги Бузурги Ватании солҳои 1941 — 1945» сарфароз гардидаанд, ба маблағи 800 сомонӣ кумакпулии яквақта расонида мешавад.

Апрель 30, 2015 10:14

Хабарҳои дигари ин бахш

БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби ин озмун гардид
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 26 дараҷа гарм мешавад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард
Имрӯз дар водиҳои Тоҷикистон ҳаво то 27 дараҷа гарм мешавад
Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Дар Тоҷикистон ҳаҷми истеҳсоли асал кам шудааст
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои камабри бебориш дар назар аст
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд