Суғд: нигаронӣ аз афзоиши ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ
Хуҷанд, 14.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Абдуаҳад Шарифзода).-Сар аз соли равон дар шимоли кишвар назар ба ҳамин давраи соли гузашта содиршавии ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ рӯ ба афзоиш аст. Тавре ки ба АМИТ “Ховар” корманди БДА Раёсати ВКД ҶТ дар вилояти Суғд Д.Ализода иттилоъ дод, дар давоми 3 моҳи соли 2015 дар роҳҳои нақлиётгарди ҳудуди вилоят 85 ҳодисаи роҳу нақлиётӣ ба қайд гирифта шуда, бар асари он 32 нафар ба ҳалокат расида, 94 тани дигар ҷароҳати гуногуни ҷисмонӣ бардошт. Дар натиҷаи муқоиса ба ҳамин давраи соли сипаришуда теъдоди садамаҳо 24 ҳодиса зиёд гашта, шумораи халокшудагон 7 нафар ва ҷароҳатбардоштагон 27 нафар афзудааст.
Инчунин ҳодисаҳои роҳу нақлиётӣ бо иштироки кӯдакону наврасон низ тайи 3 моҳи соли равон 16 адад (2014 — 16) рух дода, бар асари он шумораи фавти кӯдаку наврас 2 адад кам ба қайд гирифта шуда (2014 — 6), вале теъдоди ҷароҳатбардоштагон 3 адад афзудааст, ки ин нишондод соли 2014 ба 11 адад баробар буд, — афзуд манбаъ.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 23 дараҷа гарм мешавад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!
БЕҲТАРИН СОДИРОТКУНАНДАИ ТОҶИКИСТОН. Агентии миллии иттилоотии Тоҷикистон «Ховар» ғолиби озмун гардид
Дар Душанбе Рӯзи Парчами давлатӣ дар сатҳи баланд таҷлил карда мешавад
20 октябр Рӯзи байналмилалии танзимгарони ҳаракати ҳавоӣ мебошад
Сарвазири Ҷумҳурии Қазоқистон Олжас Бектенов ба Тоҷикистон ташриф овард






