Суҳбатҳои ошкоро бо сокинони Фархору Ҳамадонӣ
Душанбе, 24.04.2015. (АМИТ “Ховар”, Фарзонаи Давлат).-Дар асоси нақша-чорабиниҳои Ҳукумати мамлакат рӯзҳои 22-23 апрел роҳбарияти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайеҳӣ ва Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ дар ноҳияҳои Фархор ва Ҳамадонии вилояти Хатлон бо доираи васеи сокинон мулоқотҳо анҷом доданд.
Ба иттилои Наврӯз Қурбонов, мутхассиси пешбари бахши таҳлилу иттилооти Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ зимни мулоқот масъулин вобаста ба паст кардани шумораи талоқ миёни оилаҳои ҷавон, омилҳои шомилшавии ҷавонон ба ҳизбу ҳаракатҳои иртиҷоӣ, пешгирии сироятёбии онҳо аз бемориҳои сироятӣ, мубталогардӣ ба майзадагиву нашъамандӣ суҳбат намуданд.
Гуфта мешавад дар ҷамоатҳои деҳоти «Даштигуло», «Панҷруд» ва маркази ноҳияи Ҳамадонӣ масъулин бештар ба масъалаҳои никоҳи хешу таборӣ, хизмати ҷавонон дар сафи Қувваҳои Мусаллаҳ таваҷҷуҳ карда, аз иштирокдорон даъват намуданд, ки дар тарбияи насли наврас бетараф набошанд.
Дар доираи ин сафар муовини якуми раиси Кумитаи ҷавонон, варзиш ва сайёҳӣ Мавсума Муинӣ дар ноҳияи Фархор аз варзишгоҳи марказӣ, мактаби варзишии наврасону кӯдакон ва толорҳои машқии ноҳия дидан карда, бо мураббиён ва ҷавонон аз наздик суҳбат намуданд.
Мулоқотҳои масъулин дар навоҳӣ ба таври озод сурат гирифта, дар анҷом намояндагону ходимони дин, собиқадорон, занон ва ҷавонон вобаста ба мавзуъҳои мавриди назарашон пешниҳодҳои гуногун намуданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






