Суҳбати телефонии Сарвари Давлат бо раиси ноҳияи Файзобод
Душанбе, 03.04.2015. (АМИТ «Ховар»). — Имрӯз Президенти мамлакат Эмомалӣ Раҳмон бо раиси ноҳияи Файзобод Имомназари Каримиён дар робита ба офати табии зери хок мондани 10 нафар сокинони ин ноҳия суҳбати телефонӣ анҷом дод.Дар рафти суҳбат раиси ноҳия доир ба сабабҳои ин офати табиӣ ва рафти корҳои барқарорсозии он ба Сарвари Давлат маълумот дод.Сарвари Давлат ба раиси ноҳия супориш дод, ки кумакҳои Ҳукумати мамлакатро фавран ба оилаҳои зарардида расонида, изҳори таъзияи Президентро ба оилаҳои қурбоншудагон баён намояд.Бо дастури Сарвари Давлат комиссияи ҳукуматӣ бо роҳбари муовини Сарвазири Ҷумҳурии Тоҷикистон Азим Иброҳим, Вазири корҳои дохилӣ Рамазон Раҳимзода, Раиси Кумитаи давлатии амнияти миллӣ Саймумин Ятимов, Раиси Кумитаи давлатии идораи замин ва геодезӣ Акбар Ятимзода ва дигар роҳбарони мақомоту идораҳои дахлдор дар ҷойи ҳодиса қарор доранд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






