Т. Йордан: «Ҳамкориҳои Бонки миллии Швейтсария бо ҶТ ниҳоят хубанд»
Душанбе, 30. 04. 2015. (АМИТ «Ховар», Мавҷуда Анварӣ).-Имрӯз Президенти кишвар Эмомалӣ Раҳмон раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йорданро ба ҳузур пазируфт.Раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан баъди мулоқот дар ҳузури хабарнигорон андешаҳояшро чунин баён намуд:«Барои ман боиси хушнудист, ки имрӯз бо Президенти кишвари тоҷикон мулоқот намудам. Мо зимни вохӯрӣ бо Ҷаноби олӣ оид ба муносибатҳои дуҷониба байни Тоҷикистону Швейтсария ва дар мавриди он ҳамкориҳои хубе, ки дар давоми солҳои тӯлонӣ байни кишварҳои мо вуҷуд доранд, суҳбат намудем». Раиси Бонки миллии Швейтсария иброз намуд, ки зимни суҳбат бо Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон масъалаҳои вазъияти иқтисодиёти имрӯзаро баррасӣ намуда, ба масъалаҳои савдои байни ҷумҳуриҳои Тоҷикистону Швейтсария эътибори хосса додаанд. Номбурда аз ҳамкориҳои хуби Бонки миллии Швейтсария бо ҶТ ва Ҳукумати кишвар, хусусан бо Бонки миллии Тоҷикистон сухан ронда, зикр намуд, ки дар айни ҳол ҳамкориҳо дар асоси дуҷониба пеш рафта истодаанд. «Мақсади асосии сафари ман ба Ҷумҳурии Тоҷикистон- ин беҳтар намудани муносибатҳои кишварҳои мо мебошад. Тавре ки шумо медонед, Тоҷикистон дар як гурӯҳи кишварҳо бо Конфедератсияи Швейтсария дар доираи Фонди байналмилалии асъор фаъолият мекунад. Он масъалаҳои асосие, ки мо имрӯз баррасӣ намудем, оид ба вазъияти иқтисодӣ буд. Имрӯз бӯҳрони молиявие, ки тамоми ҷаҳонро фаро гирифтааст, ба иқтисодиёти кишварҳои ҳам Тоҷикистон ва ҳам Швейтсария таъсири худро гузошт, хусусан бӯҳрони мазкур ба қурби асъори кишварҳои мо таъсири калон гузошт, барои ҳамин ҳам мо имрӯз таъсири чунин бӯҳронро ба иқтисодиёти кишварҳои ду ҷониб ва инчунин дигар масъалаҳои ҳамкориро баррасӣ намудем»,-гуфт дар ниҳоят раиси Бонки миллии Швейтсария Томас Йордан.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






