Таҳкими ҳамкориҳои Тоҷикистону Русия дар соҳаи мошинсозӣ
Душанбе, 03.04.2015 (АМИТ «Ховар», Фарзонаи Давлат).-Дирўз вазири саноат ва технологияҳои нави Ҷумҳурии Тоҷикистон Шавкат Бобозода бо намояндаи тиҷоратии Федератсияи Русия дар Ҷумҳурии Тоҷикистон Кораблин М.В., роҳбарони ширкатҳои ҶСП «Тролза» Ключарев С.А. ва ҶСП «Электротехническая компания «Плутон» Савостянов А.С., ҳамчунин директори генералии КВД «Насби нақлиёти барқӣ ва велосипед» Ф. Саидов мулоқот кард.
Бино ба иттилои котиботи Вазорати саноат ва технологияҳои нави Тоҷикистон, зимни мулоқот мухокима оид ба масъалаҳои ҳамкориҳои дуҷониба дар соҳаи мошинсозӣ ҷиҳати ҷамъу васл кардани троллейбусҳо ва минбаъд таҳвили онҳо ба Ҷумҳурии Афғонистон мавриди баррасӣ қарор дода шуданд.
Дар мулоқот ҳамчунин оид ба роҳҳои ҳалли як силсила масъалаҳои ҳалталаби ҷойдошта ибрози назар намуданд.
Гуфта мешавад ҷонибҳо аз натиҷаҳои вохўрӣ изҳори қаноатмандӣ намуда, ҳамчунин иброз доштанд, ки ҷиҳати идомаи раванди мусбати робитаҳои гуногунҷабҳаи Тоҷикистону Русия рушди нав бахшида, муносибатҳои минбаъдаи дуҷониба ва ҳамкориҳоро дар доираи созмонҳои байналмилалӣ боз ҳам таҳкиму густариш мебахшанд.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






