Таҷлили «Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон» дар Хадамоти муҳоҷират
Душанбе, 30.04.2015.(АМИТ «Ховар»).-Имрӯз дар Хадамоти муҳоҷирати Вазорати меҳнат, муҳоҷират ва шуғли аҳолии Ҷумҳурии Тоҷикистон маҷлиси ботантана бахшида ба Рўзи байналмилалии меҳнаткашон 1 май баргузор гардид, ки дар он сардори Хадамоти муҳоҷират Анвар Бобоев, муовинони сардори хадамот Муқим Ниёзов ва Толибҷон Шарипов, инчунин кормандони дастгоҳи хадамот иштирок намуданд. «Боиси сарфарозӣ ва ифтихор аст, ки мардуми Тоҷикистони соҳибистиқлол 1 майро ҳамчун Рӯзи якдилии байналмилалии меҳнаткашон аз анъанаҳои давраи Иттиҳоди Шӯравӣ боқӣ мондааст, таҷлил мекунанд»,-иброз дошт Анвар Бобоев, сардори хадамот. Номбурда афзуд, бидуни ваҳдат, ҳамдигарфаҳмӣ ба қуллаи мурод расидани инсоният номумкин аст. Маҳз ваҳдат инсониятро ба пешравӣ ва тараққиёт ноил мегардонад. Бо ҳамин орзуҳои нек, тамоми кормандони дастгоҳи хадамотро бо ҷашни Рӯзи байналмилалии меҳнаткашон самимона табрик гуфта, ба аҳли хонадони кормандон сулҳу оромӣ, хуршеди сулҳу ваҳдат ва муҳаббату бародарӣ таманно намуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






