Такмили усули баҳисобгирии муомилоти тиҷорати хориҷӣ

Апрель 28, 2015 11:32

Душанбе, 28.04.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина  Эрлих ).-  Чанде  пеш   дар  шаҳри  Душанбе  мулоқотҳои  мутахассисони Агентии   омор  ва хадамоти  гумрук  бо  шахсони  масъули  намояндагии  тиҷоратии  Федератсияи  Русия,  сафоратҳои  Ҷумҳурии  Мардумии  Чин  ва  Туркия, ки шарикони  асосии  тиҷоратии Тоҷикистон   маҳсуб  меёбанд,  баргузор  гардид. 
Тавре  ки  аз  маркази  матбуоти Агентии  омори   назди Президенти  ҶТ  ба  АМИТ «Ховар»  хабар  доданд,  дар  ҷараёни  мулоқотҳо   баҳисобгирии  омории  муомилоти  тиҷорати  хориҷӣ, эътиборнокии маълумоти  оморӣ, такмил ва табодули  таҷрибаи фаъолияти оид ба  ҳисоби  нишондодҳои   содиротию воридотӣ  баррасӣ  шуданд.
Мулоқотҳо ба  манзури  такмили  усули  ҳисоби  муомилоти  тиҷорати  хориҷӣ ва  таҳлили   омори   шаффоф  бо  мусоидати   Вазорати  корҳои  хориҷии  Тоҷикистон  роҳандозӣ  шуданд.
Зикр  шуд, ки  ташкили   чунин  мулоқотҳо барои  баланд  бардоштани  сифати  омори  расмӣ   муфиданд.

Апрель 28, 2015 11:32

Хабарҳои дигари ин бахш