Таъмини занону духтарон бо ҷойи кор
Душанбе, 16.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).- 15 апрел дар Раёсати БДА ҶТ «Амонатбонк» бо иштироки васеи аъзои Раёсати бонк, роҳбарият ва мудирони филиалҳои бонк, ҳамчунин сардорони воҳидҳои сохтории Раёсати бонк ҷаласаи ҷамъбасти семоҳаи фаъолияти соҳа баргузор гардид.
Муовини якуми раиси Раёсати бонк Руҳулло Ҳакимзода оид ба дастовардҳо ва натиҷаи фаъолияти бонк дар се моҳи соли ҷорӣ маърӯза намуд.
Зикр шуд, ки имрӯз шумораи умумии ПОС-терминалҳо дар марказҳои хизматрасонии бонкӣ ва марказҳои тиҷоратию нуқтаҳои савдо 560 ададро ташкил медиҳад ва дар баробари ин 158 банкомат дар миқёси ҷумҳурӣ насб шудааст, ки ин дар ҳама ҳолат мушкили корафтодагон ва мизоҷони бонкро осон мегардонад.
Дар маърӯзаи Руҳулло Ҳакимзода масъалаҳои ислоҳ намудани камбудиҳои ҷойдошта, ҷалби пасандозу пешниҳоди қарзҳо, баргардонидани қарзҳои батаъхирафтодаю истифодаи мақсадноки қарзҳои пешниҳодгардида, ҷалби бештари занону духтарон ба ҷойҳои холии корӣ ва интизоми намунавӣ дар коргоҳ матраҳ гардиданд.
Намояндаи Департаменти назорати бонкии Бонки миллии Тоҷикистон Кибриё Дустмуродовна оид ба масъалаҳои бетафовут набудан дар ҳамаи самтҳои фаъолият аз ҷониби мудирони филиалҳои бонк ва роҳ надодан ба амалҳои ғайриқонунӣ ибрози андеша намуд.
Раиси Раёсат Ҷамшед Нурмаҳмадзода ба мудирони филиалҳо оид ба масъалаҳои иҷрои саривақтии нақшаҳое, ки ба зиммаи филиалҳои бонк гузошта шудаанд ва иҷро намудани онҳо то ҷаласаи ҷамъбасти шашмоҳа супоришҳои қатъӣ дод.








Имрӯз дар Тоҷикистон ҳавои тағйирёбанда пешгӯӣ шуда, дар баъзе ноҳияҳо борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд
Мегафон Тоҷикистон: акнун сӣ «Устоди алоқа»!






