Ташхиси гендерӣ оид ба сиёсати кадрии давлат дар ҷумҳурӣ
Душанбе, 22.04.2015. (АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Кумитаи кор бо занон ва оилаи назди Ҳукумати Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади татбиқи «Барномаи давлатии тарбия, интихоб ва ҷобаҷогузории кадрҳои роҳбарикунандаи Ҷумҳурии Тоҷикистон аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд барои солҳои 2007-2016» барои соли равон гузаронидани ташхиси гендериро оид ба сиёсати кадрии давлат дар ҳамаи соҳаҳои ҳаёти ҷамъиятӣ ва интихоб намудани занону духтарони лаёқатманд барои таълиму тарбияи минбаъда, дар нимаи дуюми моҳи апрел ба нақша гирифт. Аз ин рӯ, кормандони кумита ва Агентии хизмати давлатии назди Президенти Ҷумҳурии Тоҷикистон бо мақсади гузаронидани ташхиси гендерӣ оид ба сиёсати кадрӣ аз 14 то 18 апрел ба вилоятҳои Хатлону Суғд ва шаҳру ноҳияҳои тобеи ҷумҳурӣ сафари хизматӣ намуданд.
Тавре ки аз хадамоти матбуоти кумита иттилоъ доданд, зимни ташхис бахусус ба болоравии мансабии занон тайи солҳои амалигардии барномаи мазкур тадбирҳои андешидашуда бо мақсади ҷавонгардонии саривақтии кадрҳои роҳбарикунанда аз ҳисоби занону духтарони лаёқатманд ва дараҷаи фарогирии занон ба омӯзишҳои сиёсию ҳуқуқӣ ва роҳбарӣ диққати зарурӣ дода шуд.
Ҳамзамон дар доираи чорабинии мазкур бо занону духтарони шаҳру ноҳияҳои ҷумҳурӣ дар бораи нақши боризи занон дар ҷомеа, эълон гардидани Соли 2015 чун соли оила, баланд бардоштани маърифати ҳуқуқии занон, таҳкими оиладорӣ ва рушди фарҳанги хонаводагӣ, пешгирии никоҳҳои хешутаборӣ ва масъулияти падару модар дар таълиму тарбияи фарзанд суҳбату вохӯриҳо баргузор гардиданд.








«МегаФон Тоҷикистон»: зеҳни сунъӣ- муфид ва бехатар
ДАЪВАТИ ТИРАМОҲӢ. Нақшаи даъвати ҳарбӣ дар шаҳри Конибодом иҷро гардид
Имрӯз дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон борон меборад
Ҷаласаи навбатии Шурои Маҷлиси намояндагони Маҷлиси Олии Ҷумҳурии Тоҷикистон, даъвати ҳафтум баргузор гардид
Байни Маркази барномаҳои байналмилалӣ ва ширкати «Beijing Yude International Education Technology Group Co., Ltd.» Ёддошти тафоҳум ба имзо расид
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Ҳангоми истифодаи ангишт барои гармкунии манзил қоидаҳои бехатариро риоя намоед!






