Ташрифи 300 сайёҳи хориҷӣ аз хона-музеи Камоли Хуҷандӣ
Хуҷанд, 30.04.2015. (АМИТ Ховар,Абдуаҳад Шарифзода).-Аз оғози ифтитоҳи Боғи таърихиву фарҳангӣ-фароғатӣ ва хона-музеи шоири ширинкалом ва ғазалсарои тоҷик Камоли Хуҷандӣ, аз он наздик ба 200 ҳазор сокину меҳмони Хуҷандшаҳр дидан намуд.Тавре ки аз мудирияти осорхонаи таърихии вилояти Суғд маълумот доданд, дар қатори меҳмонон шаҳрвандони хориҷӣ низ ҳастанд. Танҳо дар тӯли як моҳ аз боғи мазкур ва хонаи асри миёнагии Хоҷа Камол наздик ба 300 шаҳрванди хориҷӣ, аксаран аз давлатҳои Русия, Олмон, Чехия, ИМА, Чин, Эрон, Туркиё ва чанде дигар боздид намуданд, ки бештари онҳо сайёҳон ва кормандони корпусҳои дипломатию намояндагии ташкилотҳои хориҷӣ дар миқёси вилоят мебошанд. Ба иттилои масъулини осорхона дар бинои осорхонаи вилоятӣ ташкили як гӯша-толори махсус барои сайёҳони хориҷӣ дар раванди таъсис карор дошта, дар он наздик ба сад нигора чой дода хоҳад шуд. Минбаъд меҳмонони хориҷӣ пас аз ифтитоҳи ин гӯша зимни боздид аз Боғи мазкур, ҳамзамон аз осорхона метавонанд аз касбу ҳунарҳои миллии тоҷикӣ, оғоз аз замонҳои қадим то инҷониб, чун ҳунарҳои дастии кулолгариву оҳангарӣ, наҷҷорону чӯбтарошон, кашидадӯзону бофандагон ошноӣ пайдо намоянд. Ёдовар бояд шуд, ки Боғи таърихиву фарҳанги-фароғатӣ ва хона-музеи асримиёнагии Хоҷа Камол дар арафаи таҷлили ҷашни байналмиллалии Наврӯзи соли равон дар Хучандшаҳр ифтитоҳ гашт.








Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид
Дар қаламрави Тоҷикистон заминларза ба амал омад






