Ташрифи намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон ба Суғд
Душанбе, 13.04.2015.(АМИТ «Ховар», Лайло Тоирӣ).-Намояндаи доимии Бонки ҷаҳонӣ дар Тоҷикистон Патрисия Виверс-Картер бо мақсади муҳокимаи ҷараёни татбиқи лоиҳаҳои тавассути Гуруҳи Бонки ҷаҳонӣ дар соҳаҳои кишоварзӣ, тандурустӣ, маориф, ҳифзи иҷтимоӣ, нақлиёт ва рушди бахши хусусӣ маблағгузоришуда бо мақомоти маҳаллии ҳокимияти давлатӣ ва баҳрабарандагон ба вилояти Суғди Ҷумҳурии Тоҷикистон сафар кард.
Дар шаҳри Хуҷанд Патрисия Виверс-Картер бо мақсади муҳокимаи масоили рушди иҷтимоию иқтисодии вилоят ва таъсири таназзули иқтисодӣ дар Русия ба аҳолии вилоят бо раиси вилояти Суғд Абдураҳмон Қодирӣ вохӯрд. Хонум Виверс-Картер дар робита ба идома додани дастгирии ислоҳот дар бахши хусусӣ бо мақсади ташкили ҷойҳои корӣ, аз ҷумла равона намудани диққат ба беҳсозии хизматрасониҳои коммуналӣ ва иҷтимоӣ барои аҳолӣ уҳдадориҳои ба зиммагирифтаи Гурӯҳи Бонки ҷаҳониро бори дигар тасдиқ намуд.
Тавре ки аз Вазорати тандурустӣ ва ҳифзи иҷтимоии аҳолӣ хабар доданд, аз ҷумла, дар ноҳияи Шаҳристон Виверс-Картер бо мақсади муҳокимаи бартариятҳои ислоҳот дар самти маблағгузории сарикасӣ, ки аз ҷониби Бонки ҷаҳонӣ дастгирӣ гардид ва он ба мактабҳо имкон медиҳад дар тақсимоти буҷети худ салоҳияти бештар дошта бошанд ва ислоҳоти мазкур боиси тақсимоти баробар ва шаффофи маблағҳо байни минтақаҳо мегардад, аз мактаби маҳаллӣ дидан намуд. Маблағгузории сарикасӣ барои мактабҳои таҳсилоти умумӣ соли 2010 дар саросари ҷумҳурӣ пиёда гардид. Дар доираи силсилаи грантҳои «Ташаббуси рушди босуръат» ва Лоиҳаи замонависозии низоми маориф, ки тавассути он зиёда аз 110 мактаб дар саросари ҷумҳурӣ таъмир ва ҷиҳозонида шуд, мактаби Шаҳристон барқарор гардида, бо таҷҳизоти таълимӣ таъмин шуд.








Имрӯз дар Тоҷикистон борони кӯтоҳмуддат меборад
ОМОДАГӢ БА ЗИМИСТОН. Иншооти соҳаҳои маориф ва тандурустии шаҳри Роғун бо ангишт, ҳезум ва сӯзишворӣ таъмин мебошанд
Дар Данғара даври ноҳиявии Озмуни ҷумҳуриявии «Беҳтарин хизматчии давлатӣ аз ҳисоби занон» доир гардид
Дар шаҳри Гулистон иншооти нави иҷтимоӣ ба истифода дода шуд
Имрӯз мардуми Мамлакати Шоҳигарии Арабистони Саудӣ 96-солагии ҷашни миллияшонро таҷлил менамоянд
Аз 23 то 25 сентябр дар баъзе минтақаҳои Тоҷикистон омадани сел пешгӯӣ мешавад
Тоҷикистон пас аз рӯзи сеюми Бозиҳои Осиёӣ-2026 дар ҷадвали медалҳо дар зинаи ҳафтум қарор дорад
Дар Тоҷикистон беш аз 800 ҳазор тонна зироати ғалладонагӣ ҷамъоварӣ шудааст
Ҷаласаи Комиссияи Озмуни ҷумҳуриявии «Донандаи беҳтарини асарҳои Пешвои миллат» доир шуд






