Татбиқи лоиҳаҳои ҳукумати Ҷопон дар ВМКБ ва Ҷиргатол
Душанбе, 02.04.2015. (АМИТ «Ховар»).- 25 март сафири Ҷопон дар Тоҷикистон Такаши Камада дар маросими анҷоми татбиқи лоиҳаи сохтмони шуъбаи ҷарроҳии беморхонаи минтақавии шаҳраки Лахши ноҳияи Ҷиргатол иштирок намуд.
Тавре ки аз сафорати Ҷопон дар Тоҷикистон ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, ҳукумати Ҷопон дар ҳошияи барномаи кӯмаки бебозгашт барои табақаҳои васеи аҳолӣ ва амнияти гуманитарӣ лоиҳаи арзишаш 111 ҳазору 133 доллари ИМА — ро дар амал татбиқ намуд.
26 март Такаши Камада дар маросими анҷоми татбиқи лоиҳаи такмили беморхонаи минтақавии ҷамоати Қарокӯли ноҳияи Мурғоб иштирок намуд. Барои бунёди бинои нави беморхона ва насби таҷҳизоти нави тиббӣ 120 ҳазору 373 доллар ҷудо карда шуда буд. Ёдовар мешавем, ки бинои пештараи беморхона соли 1960 сохта шуда ва шароити зарурӣ надошт. Дар ҳошияи лоиҳа беморхона ба бинои наве гузаронида шуд, ки таҷҳизоти нави тиббӣ дорад.
29 март сафири Ҷопон дар Тоҷикистон дар маросими дигари анҷоми татбиқи лоиҳа дар деҳаи Сижди ноҳияи Шуғнон, ки дар он ҷо «Лоиҳаи ҷилавгирии офатҳои табиӣ дар қад — қади дарёи Панҷ» дар амал татбиқ шудааст, иштирок дошт.
Ҳукумати Ҷопон барои соҳилбандӣ дар деҳаи Риҷисти ноҳияи Роштқалъа ва деҳаҳои Барсем ва Шитами ноҳияи Шуғнон, сохтмони пули пиёдарави деҳаи Сижди ноҳияи Шуғнон ва қишлоқи Андарви ноҳияи Роштқалъа 103 ҳазору 867 доллар ҷудо карда буд. Ғайр аз ин канали обёрии деҳаи Биҷури ноҳияи Роштқалъа барқарор карда шуд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






