Татбиқи лоиҳаи баланд бардоштани сатҳи некуаҳволии аҳолӣ оғоз ёфт
Душанбе, 08.04.2015. (АМИТ “Ховар”,Марҳабои Азамат ).- Чанде пеш дар шаҳраки Ғарми ноҳияи Рашт ҷаласаи якуми Кумитаи идораи лоиҳаи “ Беҳдошти некуаҳволии аҳолии деҳоти 9 ноҳияи Ҷумҳурии Тоҷикистон” баргузор гардид.
Дар ҷаласа кори яксола, дурнамои соли 2015 ва мақсаду вазифаҳои лоиҳа, самтҳои асосии фаъолият мавриди муҳокима қарор гирифта, барои татбиқи судманди лоиҳа тавсияҳо ироа шуданд.
Дар ин чорабинӣ сафири ФР дар Тоҷикистон И. С Лякин- Фролов, муовини вазири рушди иқтисод ва савдои ҶТ У. Давлатзод, намояндаи доимии Барномаи рушди СММ дар Тоҷикистон А.В Зуев, ҳамчунин намояндагони мақомоти маҳаллии ҳокимияти ноҳияҳои истифодабарандаи лоиҳа иштирок намуданд.
Тавре ки дар Сафорати ФР дар ҶТ тавзеҳ доданд, мақсад аз “ Лоиҳаи беҳдошти некуаҳволии деҳот” дастгирии рушди иқтисодии 9 ноҳияи Тоҷикистон аз қабили ноҳияҳои Айнӣ, Исфара, Истаравшан ва Панҷакенти вилояти Суғд, ноҳияҳои Восеъ ва Темурмалики вилояти Хатлон ҳамчунин 3 ноҳияи тобеи ҷумҳурӣ — Рашт, Тоҷикобод ва Ҷиргатол аст.
Дар ҳошияи лоиҳа ба мақомоти маҳаллии ҳокимият барои тарҳезии судманд ва назорати рушти иҷтимоию иқтисодии ноҳияҳо кӯмак карда мешавад.
Дар ин бора аз Сафорати ФР дар ҶТ ба АМИТ “Ховар” хабар доданд.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






