Тоҷикистон дар намоишгоҳи кишварҳои СҲШ иштирок мекунад
Душанбе, 27.04.2015. (АМИТ «Ховар», Кристина Эрлих).- 24 апрел раиси Палатаи савдо ва саноати Тоҷикистон Шариф Саид бо президенти Палатаи савдои оид ба воридоту содироти маҳсулоти техникаи барқии Пекин Чжун Сзюнвэй мулоқот анҷом дод.
Тавре ки аз ПСС ҶТ ба АМИТ «Ховар» хабар доданд, мусоҳибон масоили ҳамкории тиҷоратию иқтисодӣ, ҳамчунин иштироки тоҷирони Тоҷикистон дар кори Намоишгоҳи байналмилалии маҳсулоти кишварҳои СҲШ — ро, ки аз 24 то 26 сентябр дар шаҳри Сиани музофоти Шэнсии ҶМЧ баргузор мегардад, мавриди муҳокима қарор доданд.
«Дар намоишгоҳ маҳсулоти хушсифат ба маърази намоиш гузошта мешавад ва мо умедворем, ки бозори Чин таваҷҷӯҳи бештари Тоҷикистонро ба худ ҷалб мекунад», — зикр намуд Чжун Сзюнвэй.
Мавсуф ҳамчунин изҳор дошт, ки ҷониби Чин барои ҳар иштироккунандаи намоишгоҳ 20 гӯшаи маҷҷониро ихтисос медиҳад.








Дар шаҳри Норак ҳашарҳои экологии «Тозагии маҳал» ва «Тозагии шоҳроҳ» гузаронида шуданд
Имрӯз дар шаҳри Душанбе ҳаво то 25 дараҷа гарм мешавад
Дар Душанбе Шурои намояндагии Ташкилоти ҷамъиятии ҷавонон «Созандагони Ватан» таъсис дода шуд
ҚУРБИ АСЪОР: 1 рубли русӣ аз 0.0990 то 0.1100 сомонӣ муқаррар шудааст
Дар шаҳри Гулистон беш аз 50 корхонаи саноатӣ фаъолият менамояд
Садои тоза ва интернети босуръат: муштариён VoLTE-ро интихоб мекунанд
Дар шаҳри Душанбе муколамаи G10 Insight Forum 2026 оғоз гардид
Дар доираи Форуми соҳибкории «Тоҷикистон ба пеш!» 23 Созишномаи ҳамкорӣ ба имзо расид






